Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ДАРЁИ САФЕД

Аз хусуси иморату иншооти навсохти фермаҳои молдорӣ ва таҷҳизоти замонавии чорводорӣ рӯзноманигорон бисёр навиштаанд ва ҳамвора менависанд. Солҳои охир ба тақозои мавзӯи қиссаи наве, ки чанд муддат қабл аз ин навишта ба субут расондам, ман бо кору амали молдорон ошноӣ доштам, аз баъзе проблемаҳое, ки дар назди чорвопарварон имрӯз чору ночор кӯндаланг афтода аст, каму беш огоҳӣ ёфта будам. Агарчи дар ин боб сухани наву тозае овардани ман як амри муҳол аст, вале аз ошноӣ бо чорводорони колхози ба номи Карл Маркси шаҳри Панҷакент, аз сӯҳбати ин касон ва дидани кору бори онон ангеза ва таъсире гирифтам ва бахше аз андешаҳои худро ба қалам овардам.
Барои ҳама ошкор аст, ки мамлакати мо ва мардумони он аз шир асосан таъминанд. Аз рӯи иттилооти статистикӣ мо ҳар сол 90 милюн тонна шир медӯшем, ки ин миқдор 22 фоизи шири ҷаҳони имрӯза аст. Ва боз ногуфта набошад, ки ин миқдор шир ба сари ҳар як тан аҳолӣ 314 килогӣ мерасад. Ин ҳам шуниданист, ки чорводорон ин миқдор ширро аз пистони 43 милён сар модагов медӯшанд. Яъне, аз ҳар сар модагов 2100 кило шир мегирем. (Барои муқоиса дар назар бояд дошт, ки дар республикаи бародарии Эстония ин рақам 3400 ва дар мамлакатҳои мутараққии капиталистӣ — 5000 кило аст). Аммо фаромӯш набояд кард, ки ин рақамҳо дар дафтаранд, дар воқеъ чи қадар шир мехурда бошем, ба мо маълум нест.
Инак, судмандтарин ғизои башарӣ — шир дар шаҳру деҳи мо фаровон аст. Чӣ ҷои муболаға, дарвоқеъ, шир аз заруртарин ва пурманфиаттарин ғизоест, ки дар дастархони инсонҳо ҳеҷ ғизои дигар ҷои онро намегирад.
Дар як китоби хеле қадимаи ҳиндувон овардаанд, ки агар инсон тамоми умр хӯрокашро аз ширу асал мураккаб месохт, метавонист то 500 сол умр ёбад.
Маҳз ба фермаи шири рақами якуми колхоз омадани мо сабаби дигаре дошт: ба қарибӣ говдӯши номвари

пешина
аз 393
навбатӣ