Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
тарҷумаи Раҳим Ҳошимро барои тасҳеҳ ва такмил ба дасти тарҷумоне диҳанд. Ҳайронам, чаро он нусхаи шоистаро ба бало гирифтор кунем?!
Биёем ба сари баҳси асосӣ:
Хушнидиовар аст, ки адибон ва тарҷумонҳои маъруфи тоҷик Сотим Улуғзода, Раҳим Ҳошим, Ҳабиб Аҳрорӣ, Ҷумъа Одина, Шамсӣ Собир ҳоло барои бачаҳо китоб тарҷума мекунанд. Дар миёни онҳое, ки солҳои охир ба тарҷумаи китоби бачаҳо даст задаанд, Ҷумъа Азизқулов ҷиддан ва пурсамар кӯшиш дорад.
Дар силки ин ҳама тарҷумонҳои ҳар яке ба ҳадди худ сухансанҷу пухтагӯй ҷавононе низ ҳастанд, ки басо суботкорӣ зоҳир месозанд ва дар паи омӯзиш ва таҷриба такопӯй доранд, ки бурду бохти эҷоди онҳо ба таҳлили ҷиддӣ эҳтиёҷманд аст. Оре, ҳоло дар адабиёти мо ҷавононе, ки ба кори тарҷумаи осори адабӣ даст задаанду аз ранҷу заҳмати ин шуғл дилгир нестанд, хеле бисёранд.
Вале бархе аз ин қаламкашони ҳанӯз ҳаваскор ва камтаҷриба агарчӣ дар касбу камол ба нуқсони азим мубталоянд, маслиҳати устодонро шунидан намехоҳанд ва агар чору ночор гӯш диҳанд ҳам, ба он гуфтаҳои чун дурру гавҳар азим амал намекунанд. Нашриёт, шӯрои тарҷумаи бадеъ сидқан ба ин касон кӯмак кардан мехоҳанд, вале ҷаҳди онон бар он аст, ки матои хоми худро ҳар чӣ зудтар ба нашр расонанд. Яке аз он китобҳои пурнуқсони тарҷумавӣ “Афсонаҳои Тими куҳан” аст, ки имрӯзҳо сари дасти китобхони тоҷик аст. Тарҷумони ин нусха Э.Ҳасанов ба маслиҳати беғараз ва бетаасуби устодон ба тариқи мазкур беэътиноӣ зоҳир кард. Инак, ба ин ҷумлаҳо мулоҳаза фармоед:
“Здесь нет мокрых гнилых болот, воды рек прозрачны как капли дождя, по сухой земле человек пройдет всю страну вдоль и поперек”.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё