Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Тарҷума: “— Зимистон дарояд, роҳ айни муддао мешавад. Худат ҳам то он вақт дам гирифта сабукӣ меёбӣ. Баъд, ана, ҳамаамон меравем”.
Инак, худатон мулоҳаза фармоед: дар матни асл на “зимистон дарояд” ҳасту на “роҳ айни муддао мешавад” ва на “дам гирифта сабукӣ меёбӣ”.
Инак, боз чанд ҷумларо иқтибос мекунам:
Дар матни асл: “— Эх, сапоги важные! Дай помажу… Даром отдал?” Дар тарҷума: “— Мӯзаи нағз! — гуфт. Биё, равған кунам.” Тарҷумон саволи фойтунчӣ “Даром отдал?”-ро билкул партофтааст. Ҳол он ки давоми сухан, яъне, кинояи фойтунчии дигар маҳз ба он савол марбут аст. Чунин беэътиноӣ ба матни адиби заковатманд беҳурматист ба адабиёт, хоса агар инчунин беҳурматӣ аз ҷониби нависанда сар зада бошад, гуноҳи азим аст.
Аз ин мисолҳо метавон хулоса бардошт, ки дар тарҷумаи Саттор Турсун “хусусиятҳои услуби нависанда” камтар дар назар меоянд. Тарзи баёни Лев Толстой сеҳрнигориест, ки аҳли маънӣ дар ҳама ҷаҳон эътироф кардаанд, вале хонандаи тоҷик аз ин қабил тарҷумаҳо ҳатто мазмуни асарро ба дурустӣ пай намебарад ё пай бурданаш сахт мушкил аст, зеро ҷузъҳои зарурӣ аз он афтодаанд.
Маро ба Шамсӣ Собир сари даъво ва нуктагирӣ аз адаб нест, вале боз ҳам тааҷуб дорам ва ангушти ҳайрат ба дандон мегазам: ҳеҷ намедонам, ки ӯ барои тарҷумаи “Анна Каренина”-ро, ки ба қалами устоди сухансанҷ ва борикбин Раҳим Ҳошим мансуб аст, такмилталаб гуфтан асосе дошта бошад ё не ?
Ман аз овони наврасӣ то ба имрӯз тарҷумаҳои ин суханвари донишманди хушзавқро бо иштиёқи тамом мутолаа мекунам. Аммо Шамсӣ Собир иддао доранд, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё