Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҷидол мекунанд, ҳурмат кардан ҳам дастгирӣ кардани накӯкорист ва дар мазраи дилҳо тухми некӣ пошидан аст.
Пешиниён некро ҳам, бадро ҳам ба кирдугор ҳавола мекарданд ва аз мукофоти амал умедвор буданд. Имрӯз баъзе ҷавонон, ҳатто баъзе калонсолон ҳам оқибати кори бадкирдоронро надида, мегӯянд: “Ана, накӯкор ба ранҷ аст, вале бадкирдор фароғат дорад-ку!” Ман аз таҷрибае, ки дар ҳаёт бардоштаам ба мукофоти амал эътимод дорам. Хурд будам, падарам аз амаки пирашон пурсиданд:
“Фалонӣ пули бисёр дорад мегӯянд, рост аст?” Мӯйсафед дар андеша ҷавоб доданд: “Вай пул дорад, аммо пулаш ба худаш насиб намекунад, зеро дар он пул ҳақи сағир ҳаст...” баъди сӣ соли ин гуфтугузор ман ба чашми худ дидам, ки он пулу мол ба он шахс насиб накард. Чунин мисолҳоро аз рӯзгор фаровон овардан мумкин аст.
Имрӯз ҷамоати мо беш аз ҳама ба одамони накӯкор, ростқавлу дурусткирдор эҳтиёҷманд аст. Накӯкоронро боист, ки аз ҳар як инсони дигар болотар нишонд. Ин аст талаби инсоф, ин аст тақозои таълим ва тарбия.
1985

пешина
аз 393
навбатӣ