Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ХАРОБКОРОНИ АЛОҚА ВА
АЛОҚАМАНДОНИ БЕЧОРА

Агар дуди хонаро фақат мӯрӣ донад, вазъи кори почтаю телеграфи шаҳри Ленинободро ҳамаи алоқамандони он хеле возеҳ пай бурдаанд. Агар ба дӯстону пайвандони ленинободиам дар омади гап гӯям, ки бо телеграмма хабар мерасонам, онҳо норозиёна рӯ турш карда, “телефон кунеду монед”, мегуфтанд ва ман ба таҳу таҳхонаи ин гуфтаи онон ба дурустӣ пай намебурдам.
Дарвоқеъ, кори почтаю телеграф дар ин шаҳри куҳанбунёди тоҷикон шуғли навасосе нест, аммо ҳоло дар дасти шахсони номасъул эътимодбахшии худро аз даст додааст. Бовар намекунед? Аз далелу санади тозатар шурӯъ кунам ё аз кӯҳнатараш? Одамон дар боби почта чи миқдор воқеаҳои латифамонанд мегӯянд, ҳисоб надорад.
Аммо ман имрӯз, ки дар маърази даъвоям, бештар аз саргузашти худам доири кори почтаю телеграфи шаҳри Ленинобод шаммае чанд нақл кардан мехоҳам.
Охирҳои моҳи июли соли 1968 буд, ки ногаҳон ба муносибати ҷашни 1-Май номаи муборакбодии як тан рафиқамро гирифтам, ки аз хатти устувои уқёнуси Ҳинд ё ҷазираҳои Сейшел не, аз ҳамин шаҳри канори Сир фиристода буд. Бе ҳеҷ шаке ҳар кӣ ин табрикномаро мегирифт, тааҷҷуб мекард, аммо ман не, ман ба ин амали ходимони алоқаи шаҳри Ленинобод кайҳо одат кардаам.
Шумо, хонандаи азизи ман, бешак хоҳед гуфт, ки як нома балки аз тасодуф дар ягон кунҷу камари халтаи хаткашон ё қуттии почтаи он шаҳри дилоро дармонда аст! Кошкӣ, инчунин мебуд!
Ёздаҳуми июли ҳамин сол аз Душанбе ба Ленинобод аз наздикону пайвандони ман И... ба модараш, ба унвони шаҳри Ленинобод, кӯчаи Ҳаким Карим, бинои 55, хонаи 16 ба миқдори сад сӯм пулро ба тариқи таъҷилӣ ба воситаи телеграф фиристод. Азбаски он маблағ ба мода-

пешина
аз 393
навбатӣ