Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ҳама наздикону пайвандони худро, ки он рӯзҳо дар шаҳри Ленинобод буданд, аз хайрияти сафар огоҳӣ додан хост ва ба хушнудӣ телеграммае фиристод, ки аз ҳар калимаи он накҳати фароғат ва насими осоишу хушҳолиаш ба машом мерасид. Аммо наздикони гӯш ба қимори ин камина аз оғози чунин истироҳати фароғатбахш хабар наёфта, чандин рӯзу шабро дар ташвиш ва хавотирӣ ба сар бурданд.
Баъди ду ё се рӯзи фиристодани телеграмма ман раддияи телеграммаро гирифтам. Ҳоло матни онро айнан нақл кардан мехоҳам:
“ЯЛТА КРЫМСКОЙ УЛ.СУДЕЙСКАЯ 5 ФИРУЗ
Б Б ЛЕНИНАБАД ТАДЖ.13/1205 27 18 1250 ПОДАН-
НАЯ ВАМИ ТЕЛЕГРАММА 14106 17/7 ХАКИМ КА-
РИМА 100 БАБАЕВА НЕ ДОСТАВЛЕНА ТЕЛЕФОН
НЕ ОТВЕЧАЕТ ДОМ ПОД СЛОМ — 3 КСП СИНГА-
ТУЛИНА”
Дур аз диёр ҳайронии маро канора набуд: наход ки дар тӯли ҳамин се-чор рӯз ҳавлии кӯҳнаи модарарӯсии маро вайрон карда, ба онҳо хонаи нав дода бошанд?
Охир, иморате, ки барои онҳо бино меёфт, мебоист дар охири сол ё ибтидои соли дигар ба истифода дода шавад.
Ба ғайр аз ин, ба ходимони почта кадом телефон ҷавоб надодаст? Охир, пиразан телефон надоштанд-ку!
Ба ростӣ, баъзе аз ходимони идораи алоқаи шаҳри Ленинобод, аз афти кор, почтаю телеграфро муассисаи ҳазлу бозӣ пиндоштаанд, зеро заррае масъулиятмандии онон эҳсос намешавад. Вагарна ҳар як инсони каму беш фаросатманд дар ин телеграммаи раддия чандин ҷинояти ходими ин соҳаи алоқаро хоҳад пай бурд.
Ялта барои ман ба изтиробгоҳи бемисл мубаддал гашт. Баъди шубҳаю гумонҳои зиёд бархостаму боз ба почтахонаи шаҳр равон гаштам ва ба унвони хонаи як нафар аз наздикони дигари худ телеграмма фиристодам.
Чӣ мегӯед, ки се-чор рӯзе аз миён гузашт ё не, раддияи ин

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо