Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

раш таъҷилан зарур буд, ҷавонак аз усули телеграф истифода кард ва ба худ амин буд, ки модар пулро ҳамон рӯзи ёздаҳуми август ё ҳеҷ набошад, субҳидами рӯзи дигар мегирад.
Чӣ гӯям, ки ҷавони соддалавҳ аст ин И....! Ҳеҷ хабараш набудаст, ки қонуну қоидаи Вазорати алоқаи СССР ба ходимони алоқаи шаҳри Ленинобод камтар тааллуқ дорад ва идораҳои назорати шаҳру вилоят аз ҳоли ин муассисаи муҳим бехабар мондаанд.
Ҳол чунин буд, ки он пули писар ба модари интизори ӯ на рӯзи ёздаҳуми август расид, на дувоздвҳум ва на... Рӯзи сездаҳум ҳам намерасид, аммо модар аз пул фиристодани писар ба воситаи телефон хабардор гашту дар пурсуҷӯи он аз як почтахона ба дигар почтахона саргардон гашт ва оқибат онро аз шӯъбаи алоқаи №17 шаҳр ёфта гирифт.
Хӯш, ин фориғболии ҷинояткоронаро ба чи тарз тавзеҳ мекунед?
Модари И... дилгир аз ин ҳол ходимони почтаро лаънатборон мекард, онҳоеро, ки дар чунин як шаҳри ростию дурусткориҳо масал ин гуна дӯлобкориро ривоҷ додаанд, нафрин мефиристод. Баъд ман ба имдодаш расидаму ба осонӣ таскинаш додам. Ғамро ғам мебурад, ҷавонзан муомалаи аз ин нохуштар, ҷиноятҳои аз ин шадидтари ходимони почтаи шаҳри худро намедонистаст, бинобар он шӯру фиғон мекардааст. Бузургон гуфтаанд:
“Афтодани нофитода сахт аст”.
Зан саргузашти маро шунида сараввал бовар накард, баъд аз рӯи чашмдошти ман, алами худро фаромӯш карду гуфт:
— Инҳо маро мазоҳ карданд гӯям, шуморо расо таҳқир кардаанд-ку!
Моҳи июли соли гузаштаи 1985. Ин бандафақири шумо ба умеди истироҳат ба яке аз осоишгоҳҳои шаҳри Ялта рафт. Ба он хуррамшаҳри хушҳаво расиду қабл аз

пешина
аз 393
навбатӣ