Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
касон дуздиданд, маро ғорат кардаанд. Асабонияти он як ҳафта магар ба давоми истироҳати ман беасар буд?
Ҳаргиз.
Ин кори ходимони алоқаи шаҳри Ленинободро ба ҷуз харобкорию зиёнрасонӣ ба дигар навъ тавзеҳ додан наметавонам. Дар моддаи 66 Кодекси ҷиноятии РСС Тоҷикистон доири харобкорию зиёнрасонӣ овардаанд:
“Ҳаракат ё беҳаракатие, ки мақсад аз он харобоварӣ ба саноат, василаи нақлиёт, хоҷагии қишлоқ, тартиботи пул, тиҷорат ва соҳаҳои дигари хоҷагии халқ аст... агар ин амалро ба воситаи муассисаю корхонаҳои давлатӣ ё худ муассисаи ҷамъиятӣ ба амал оваранд ва ё ба кори мӯътадили онон халал расонанд...” Агар кирдори ходимони почтаю телеграфи шаҳри Ленинободро бе ҳеҷ таассуб, ҳаққонӣ тасниф намоему баҳо диҳем, ба ҷуз халал овардан ба кори муассисаи давлатӣ маънии дигар барнамеояд.
Аммо боре гӯшамон нашунидаст, ки ба гуноҳи ин гуна дӯлобкорӣ раҳбареро аз кор маъзул карда ба пиёдагардӣ ва бо ранҷи дасту миён нонхӯрӣ маҷбур карда бошанд.
1986

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо