Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ҲАЁТ ВА НАВИСАНДА
ДАЛЕРИИ ДУЗДРО БОИС ЧИСТ?
Дар маркази таъмири техникии рақами 8, ки дар дарвозаи самти шарқи пойтахтамон воқеъ аст, субҳидами 26 июни соли ҷорӣ сӯҳбати корафтодагон дар ҷӯш буд. Нуқли сӯҳбат тарзу усули ҷилавгирии муфтхӯрону қаллобон буд, ки мардумон ҳоло дар ҳама шаҳру деҳот умедворанд, ки охируламр ин аҷриқи беор аз бӯстони ҳаёти мо решакан хоҳад гашт.
Ман сӯҳбати мошиндоронро гӯш медодаму ба айнулвақтии қарори навбатии ҳукумат аз ин хусус бештар эътимод мекардам. Мардум чиҳо мегуфтанд? Аввало, мехостанд, ки идораҳои вазифадор муборизаро ба сари гунаҳгорони майда-чуйда наоварда, аз гирифтани дуздони калонгир ва пуртаъсир оғоз кунанд. Ҳомиёни дуздонро, ки дар идораҳои ҳукумат, милитсия, суду прокуратураанд, боре ба сазо расонанд.
— Баъзан ҳайрон мешавам, — мегуфт соҳиби мошини “Жигули”-и кӯҳнаи ҳарфҳои номераш “СББ”, — масалан, нонвой чӣ даромади муфт дорад? Охир, дар магазин ҳам якто бӯличкаи аз нони вай сабуктар 16 тин астку! Мардумро аз нони танӯрӣ маҳрум кардан оқибати нағз надорад. Ҳама медонед, ки нони нонвойхонаҳо ҳаргиз ҷои нони дастиро намегирад. Наход ки минбаъд таъми нони дастиро фаромӯш кунем?
— Чандин хел ҳалво мепухтанд, қандалоти хел-хел
— ҳамаашро фаромӯш кардем-ку, чаро нони танӯриро аз даст надиҳем?! — киноя кард ҷавони шӯхмиҷозе — Гум шавад!
— Ҳар бор агар гузарам ба шаҳри Деҳнави Ӯзбекистон афтад, аз бозори он ҷо як даста нони нағзи танӯрӣ харида меораму аҳли хонадонам як ҳафта мазза карда

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо