Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

надомат ба ман иқрор кард: “Дуруст гуфта будаед, афсус мехурам, ки маслиҳати шумора ба гӯш нагирифтам, амал накардам”. Баъди таҳковӣ маълумам гашт, ки вай аз кирокашӣ се ҳазор камтар пайдо кардаст, вале мошини ҳафту ним ҳазор сӯминаро абгор карда партофтаст.
Идораҳои назорат, ОБХСС, прокуратура, нигоҳдории тартибот бо қаллобону дуздони ҳақиқӣ ҳанӯз муросокорӣ доранд. Бебоку далер, рӯирост амал кардани ин тоифа қаллобонро боис он аст, ки аз миёни чорагарон ва лаҷомгирон пуштибонҳо доранд. Аз ин панҷ-шаш сол муқаддам идорае, ки ман дар он машғули хизматам, ба як дӯкони хӯрокворӣ вобастагӣ дошт ва ҳафтае як бор барои ходимони худ гӯшт мегирифт. Боре ҳамкорон ба иттифоқи касаба шикоят оварданд, ки ба онҳо дӯкон гӯшти пастсифатро оварда, ба нархи қимат мефурӯшад. Мо — се-чор тан аъзои иттифоқи касаба дар паи тафтиш афтодем ва таъин кардем, ки мудири дӯкон сад кило гӯшт баҳояш як сӯму чилупанҷтиниро ба ходимони идораи мо ба нархи дусӯмӣ фурӯхтаст. Мо ҷинояти қаллобонро ба шӯъбаи дахлдори идораи корҳои дохилии райони Роҳи Оҳан расонидем. Хурду калони як идора амин будем, ки аз банди дасти муфтхӯри беномус гирифтем, ба дасти ОБХСС барин идораи масъул супоридем, дигар хоҳу нохоҳ ҳақ ба ҳақдор мерасаду қаллобоне, ки ба кисаи мардумон даст андохтаанд, ба сазо мерасанд. Аммо сонитар равшан гашт, ки мо тушбераро хомохом шумурдаем.
Маъмурони ҷилавгири ҷиноят сараввал сахт ба ҷунбуҷӯл афтоданду сонӣ дуру дароз хомӯш гаштанд. Сонитар ба раҳбарони идораи мо занг зада роҳи муросою мадороро пешбарӣ кардаанд: “Дар ин ҷиноят як нафар ходими идораатон ҳам шарик будаст, мо намехоҳем, ки номи чунин як муассисаи обрӯманд вирди забонҳо гардад, ба ҳисоботу маърӯзаҳо дарояд...” Рӯирост маслиҳат доданд, ки аз сари даъво гузарему аризаамонро баргашта бигирем... Баъди ин чунин “маслиҳат” ва пешниҳоди

пешина
аз 393
навбатӣ