Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

идорае, ки ба додрасӣ ва ҷилавгирии ҷиноятҳо маъмур аст, мо одамони оддӣ чӣ ҳам гӯем?!
Ана, аз чунин коргузориҳои идораҳои назорат аст, ки имрӯз халқ аз муфтхӯрону дуздон наҷот намеёбад, мамлакат, давлат, халқ пайваста зарарҳо мекашад, кору нақшаҳои бузургро рахнаҳои ғайричашмдошт пеш меояд. Аз ин аст, ки имрӯз баъзеҳо аминанд, ки ҷилавгирии сарватмандони қаллоб кори беҳосил аст. Дуздону муфтхӯрони гуногуннусха дар девори пойдори ҷамъияти мо рахнаҳои табъи дил пайдо кардаанд...
Руҷӯи мо хеле тӯл гирифт, инак, биёем ба СТО1¸¶ ¯®қавли корафтодагон қаллобони ҳазор рангу ҳазорон намудро дар ин ҷо дучор мекунед.
Рафиқе (ӯ хеле сабабҳо пеш оварда сахт хоҳиш кард, ки ному фомилиашро зикр накунам) такопӯ дошт, ки барои “Жигули”-аш мотори нав бигирад.
— Баҳои мотори нав чанд аст? — дар омади сухан аз ӯ пурсидам, то дониста бошам.
— Нархи давлатмондагиро мепурсед ё нархи инҳоро? — оҳиста гӯшакӣ карда савол кард он рафиқ.
— Ҳам ину ҳам онро донистаниам.
— Нархаш аслан ба нӯҳсад сӯм намерасад, аммо аз инҳо бе ду ҳазорсӯм мотори нав намегиред.
— Не-е? — қатъиян эътироз кардам ман. — Бехабар будаст гӯён муболағаро аз ҳад нагузаронед!
— Шумо ҳамин саҳарӣ аз кайҳон нафуромадаед-ку?
— Ба бехабарии ман тамасхур кард вай. — Ана, пурсед, ҳама медонанд, кайҳо боз нархаш таъин гаштагӣ.
Дигарон ба тасдиқи гуфтаҳои ӯ баробар сар ҷунбонданд.
— Минбаъд бозорашон шикаст. Ҷазои муфтхӯрон сахттару шадидтар гашт, дӯстон, — онҳоро ба салоҳи кор

СТО – Маркази таъмири техникӣ

пешина
аз 393
навбатӣ