Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ат зарураш ин буд, ки сабаби ғиҷирросзании чархи пешро таъин созанду бартараф намоянд ва ҷумаки вайрони кабинагармкуниро иваз кунанд. Ҷумак набудаст, сабаби ғиҷирросро аз ҳалқаҳои резинӣ гуфтанд, вале ивази онҳо ҳеҷ натиҷае надод.
Маълумам гашт, ки мошиншиносии устои ҷавон Иброҳим ҳанӯз такмили зиёд металабад ва усто гуфтан ӯро хеле барвақт аст.
Баъди пешин навбат гирифта дар қатори чанд нафари дигар устои карбюраторро интизорӣ мекашидам.
Дар таъмиргоҳ фақат як нафар устои карбюратор будаст, аммо он бечораро дар як ҷо аз рӯи навбат кор кардан намегузоштанду сардори цех ва дигар сардорон ҳар замон даъват карда ба сари мошини ҷӯраҳою шиносҳояшон ва ё дигар шахсони ба қавли худашон “даркорӣ” мефиристоданд. Асабоният, ҷанҷолу хархаша, ба ҳадде мерасид, ки мардум баъзан ба дашному хорӣ ва гиребонгирӣ мерасиданд. Бисёр касон аз киса дору бароварда мехӯрданд, ба хонаҳояшон занг зада дору овардани наздикону пайвандонашонро хоҳиш мекарданд.
Тааҷҷубам меафзуд, ки наход ин таъмиргоҳ муассисаи давлатӣ бошад?! Ин қадар беназорат мондани онро сабаб чи бошад?
Тарафи бегоҳ дар сари мизи сардори цех ҳамон калонгир ҳангоми сабти корҳои ба иҷро расида шахсан ҳузур доштам, агарчи маро даъват накарда буданд ва сухане напурсиданд. Сардор ҳамроҳи усто, ҳамон ҷавонаке, ки бештар ба таъмири мошини ман даст зада буд, пичирпичир гӯшакӣ карду рақамҳоро қатор-қатор навиштан гирифт.
Ман мудохила накардам: ку бубинам ба чи усул маро ғорат мекунанд!
Баъди он, ки онҳо ҳисобу китобашонро ба поён расониданд, маро барои пардохти пул фиристода ғолибан амин буданд, ки ба асрори ғоратгарии онон ман сирф сар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо