Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

фаҳм намеравам.
Вақте ки ҳисоби сардори цехи таъмири мошинҳои сабукравро ба дурустӣ санҷидем, маълум гашт, ки чор дона такьяи лӯндаи (шаровая опора) ҳаргиз нагирифтаамро навишта гирифтаст ва аз кисаи ин банда
8 сӯмро задаст. Ба ғайр аз ин муфтхури чапдаст кори 4 сӯму 70 тинро ба ман 7 сӯму 20 тин, боз як амали баҳояш
4 сӯмиро 14 сӯму бист тин навишта, дар рӯзи равшан, дар назди тамоми халқ ошкоро ғоратам кардаст. Дар тасаввур меоваред, дар як миҷа задан аз як худи ман бештар аз бист сӯм ба кисаи ин қаллоб даромадаст ва давлат барои корҳои нокарда ба усто ҳақ доданаш, ҳам ҳаст, фиребҳои майда-чуйдаи фош накардагиамон будагист...
Бешак, баъди он, ки найрангаш фош шуд, сардори цех ба ночор дар табель бо дасти худ “хатоҳояшро” ислоҳ кард. Он рӯз вай дар варақаи амалиёти таъмири чи қадар касон ин гуна фиребашро ба кор бурда бошад?
Ман аминам, ки ӯ аз ҳар як корафтода камаш ба ҳамин миқдор пул задааст. Кӣ кафолат медиҳад, ки рӯзи дигари ба даст афтоданаш ва рӯзҳои сонӣ ӯ мардумро фиреб намедиҳад? Авзои ӯ чунин буд, ки вай аз фош гаштани дуздиаш заррае парво надорад, яъне ба чунин беномусиҳо одат кардааст.
Дар қарори ҳукумат оид ба тақвияи мубориза бо шахсоне, ки дар паи даромади беранҷанд, аз мансаб, аз вазифа дар ин роҳ сӯиистеъмол мекунанд, ба чашми халқу давлат хок мепошанд, таъкид гашта, ки “...тамоми қувваи қонунҳои Советӣ ва афкори ҷамъиятиро бояд ба кор бурд...” Аммо метарсам, ки ин ҳама гап аст...
Мардуми бунёдкор, мардуми эҷодкор, мардуми ранҷбари ҳалолкору ҳалолхӯр имрӯз чашмдор аст, ки суд, прокуратура, идораҳои назорат минбаъд каҷ дору нарез накарда, ба муборизаи халқамон ҳамдастӣ мекунанд.

пешина
аз 393
навбатӣ