Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вале тарҷумонҳои мо баъзан осореро, ки аслан дар диёри адиб ба дурусти эътироф нашудааст, тарҷума мекунанду ба хонандаи тоҷик онро ҳамчун меъроҷи адабиёти он кишвар пешкаш менамоянд. Ин гуна матои тасодуфро баъзан рӯзномаҳои мо низ бе ҳеҷ шакке, зарурате ва муносибате интишор мекунанд. Масалан, рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” 19-июли соли ҷорӣ ҳикояи Бобониёз Кайюмов ном касро ҳамчун намунаи насри туркман ба ҷавонон пешкаш кард. Бигирем, ки рӯзнома хонандагонашро бо насри Туркманистони бародарӣ ошно карданист, сипас аз осори адибони ибратомӯзи ин кишвар дар гузашта, ба навиштаҳои як нафари дар адабиёти он мардум ҳанӯз номаълум рӯ оварданаш боиси ҳайрат аст. (Мо дар нашри охирини китоби иттилооти адибони советӣ, ки дар ҳамин рӯзҳо дастрас гардид, номи ин адибро дучор накардем). Тарҷумаи он ҳикоя ба ҳадде камсаводона сурат гирифта аст, ки дар ин саҳифа аз он намуна овардани мо зарурате надорад.
Чун мавриде сухан аст, бояд арза дошт, ки баъзе рафиқони мо вазифаи муқаддаси худро дар назди адабиёт ва хонандаи тоҷик фидои хотири ҷӯраю ошноён мекунанд. Боре як нафар рафиқ китоби нависандаеро, ки ҳанӯз дар диёри муаллиф ба нашр нарасида аст ва нависандагии муаллифро дар он кишвар касе эътироф намекунад, ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр кардан мехост…
Осори тарҷумавие, ки дар саҳифаҳои матбуоти рӯз ба табъ мерасад, аксаран фардо китоб хоҳад шуд. Бинобар он, балоғати осори тарҷумавиро аз саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо такмил ва танзим бояд кард. Дар ин бобат ходимони матбуоти бачаҳо, бояд махсусан, серталабӣ ва дақиқбинӣ кунанд.
Тарҷумаи осори мансур барои бачаҳо ҳоло равнақ дорад ва рӯзафзун тавфиқ меёбад. Вале дар боби тарҷумаи осори манзум инчунин гуфтан муболағаи маҳз аст.

пешина
аз 393
навбатӣ