Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Дар ин хусус сахтгирӣ ва серталабӣ махсусан зарур аст, зеро тарҷумони безавқ метавонад дили кӯдакону наврасонро бар олитарин шеъри замон ҳам хунук кунад. Дилмондагии хонандаро бартараф кардан, дигарбора ба назми тарҷума рағбатнок кардани ӯ аз ҳар мушкиле мушкилтар аст.
Дар боби фасоҳати осори тарҷумавӣ дар саҳифаҳои матбуоти мо аҳён-аҳён мақолае чоп шавад ҳам, дар бештарин маврид онҳо аз таассуб холӣ нестанд. Гоҳе чунин ба назар мерасад, ки баъзе аз мақолот сирф ба амри нуқтагирӣ ва тақсирбинӣ иншо шудаанд ва тарҷумаҳои хому харобкор як сӯ мемонанду муаллиф ягон тарҷумаи миёнхелро саркӯбӣ мекунад. Инчунин, борҳо ба мушоҳида расида аст, ки ба амали саррофӣ ҷавонони ҳанӯз дар ин ҳунар камвуқуф даст мезананд ва хотири хонандаро озурда месозанд.
Инак, салоҳи кор дар чист?
Чунин менамояд, ки дар ин шуғл бе сахтгирии вазифадорони нашриёту матбуот ҳеҷ коре ба сомон намерасад. Мутарҷимони осори бадеъ ҳам ҷавони навкор ва ҳам пирони корозмуда бояд бе ҳеҷ рӯихотир ба сахтгирии муҳаррирон дучор гарданд.
Барои тавфиқи кори тарҷума таҳқиқ ва танқиди адабии одилона зарур аст. Агар аҳли илму адаб бо иштироки хонандагони нуктафаҳм роҷеъ ба ҳар як китоби тарҷума сари вақт, фошофош изҳори ақида кунанд, осори тарҷумавӣ ногузир эътибори худро меёбад ва мақоми шоиста касб хоҳад кард. Чунон ки Хоҷа Ҳофиз фармуда “Доварӣ дорам, намедонам киро довар кунам”.
1982

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё