Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
стон маҳз дар ҳамин нуқта пинҳон аст — аз поён то боло ришвахурӣ, мулки колхозу совхоз, заводу фабрикаро аз сарварони район то вазиру вузаро бояд бихуранд.
Лекин то ба кай ин ҳаромхурон даврон мекарда бошанд, намедонам. Аммо аминам, ки ин бори каҷ ба манзил намерасад. Харобии боғу замин, камҳосилии киштзорон, нобуд гаштани ҳосил дар ҳама ҷо, бепарвоии мардум ба ин ҳама дӯлобиҳо нишонаҳои дер ё зуд ба охир расидани ин салтанати аблаҳони худхоҳ аст. Вагарна дар кадомин давру замон дидаед ё шунидаед, ки деҳқон ба замин ин қадар бепарво ва бедард бошад?! Замини киштзор дар дасти одамони бепарво тадриҷан мемирад. Чунон ки моли бесоҳиб ҳаром мемирад, замин ҳам дар зери чархҳо, аз заҳрҳои кимёвӣ, беғамхорӣ, бемуҳаббат оҳиста мемираду мо фиғони ҷонкании онро намешунавем ва ё агар шунавем ҳам, ба имдоди он расида наметавонем.
Ман аз ваҷҳи бенигоҳубин мондани боғоти талу теп-пазорон бо мардуми калонсол ҳам гуфтугӯ доштам, вале онон ба мисли бачаҳо яку якбора решаи суханро пӯст канда гуфта, сонӣ пушаймонӣ намекашиданд. Ба ин ҳол чандин сабабу баҳонаи ҳақиқатнамо пеш меоварданд.
Ёдам меояд, тирамоҳи соли рафта буд, меваи ин дарахтзоронро гурӯҳе колхозчиён омада бо ходаҳо зада афшонданду дар сатилҳо чида, дар ҳар ҷо-ҳар чо ба қадри як-дутоннагӣ тӯда карданду рафтанд. Рафтанду дигар касе аз ин себҳо ёде накард. Чандин тонна ҳосили боғотро офтоб заду талаф гашт.
— Мошин нест, ҳамаи техника ба пахта банд аст, — мегуфтанд дар ҷавоби ман аксари мардон гӯё маслиҳат карда бошанд ба як оҳанг.
— Фаромӯш кардагистанд, — мегуфтанд аҳён-аҳён баъзеҳошон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо