Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

мерасонанд. Бачаҳо ба бесарусомонии мулки колхоз — боғу киштзорон, молу амвол комилан одат кардаанд, сирф эътибор ҳам намекунанд. Боре ман ба себзори бепарвариш ишора карда гуфтам:
— Ҳамин ҳам боғ аст, ки дар ҳар панҷоҳ метр як дарахти кирмзада мондаст!.. Ҳол он ки дар ин замин дар нисбати дарахти мавҷуда се баробар бештар дарахт парвариш карда даҳ баробар ҳосил гирифтан мумкин аст...
Бачаҳо ба суханони ман ҳамчун ба беҳудагӯии марди шаҳрие, ки вазъи ҳаёти деҳаро намедонад, беэътибор буданд. Сипас ман аз ҷониби дигар сухан сар кардам:
— Дар сари роҳ себзори колхози ҳамсояро дидед?
Сарсабзу пурҳосил аст... На меваашро кирм задаст, на баргаш зард, бехи дарахтон бел хӯрдагӣ...
— Раиси колхози мо бегона аст, аз ин ҷо нест... — гуфт яке.
— Агар одами дигар ҷо аст, магар боғу замини ин ҷоро нобуд кунед мегӯяд? — киноя кардам ман.
— Хайр, дилаш намесӯзад. Мегӯянд, ки вай чорпанҷ сол раисӣ мекунаду меравад, — бепарво эзоҳ дод Одина. Сипас хавотиромез ба чашми шариконаш нигарист.
— Сандуқашро аз пул пур мекунаду меравад...
Ман тартиби ҳукуматдориро дар мамлакатамон ҳеҷ сарфаҳм намеравам: чаро ба колхози деҳот баъзан аз ягон мавзеи дур раис оварда таъин мекунанд? Ё ба район аз райони дигар сарвар таъин мекунанд? Гӯё дар ин ноҳия тухми одами раисбобу қобилияти сарварӣ доштагиро малах хӯрда бошад!.. Кӣ медонад, балки сарвари район ба ин савол ягон сабаби “шаръӣ” доштагист, вале ба гумони ман сабаби аслӣ ин аст ки сарвар одами худро дар сари кор мондан мехоҳад, ба василаи вай аз молу мулки колхоз бемалол баҳра бардоштан мехоҳад. Сабаби аслии дар рӯи коғаз мондани қонуну қоидаҳои ҳукумат, боиси қонунҳои демократиро поймол кардани коммуни

пешина
аз 393
навбатӣ