Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
МУҲАББАТ ВА ДИЛҶӮӢ
(Мусоҳиба дар телевизион)
Савол: Оид ба ҳаёти ҳамхонагиву ҳамзистии ҷавонон, сабабҳои хушбахтии онон чӣ мегуед?
Ҷавоб: Аксар ҳангом мо — ҳама мешунавем, ки зану шавҳарро монанди як ҷуфт гӯшвора ва ё худ як себи дукафон ба ҳам монанд мегӯянд. Ин монандӣ дар зоҳири онон не, балки дар хулқи онон, афкору ақида ва ҷаҳонбинии зану шавҳар возеҳ ба назар мерасад. Дар зиндагии ҳамзистӣ онон ба якдигар мувофиқат пайдо кардаанд.
Маҳз, ҳамин мувофиқатро дар назар гирифта гуфтаанд, ки табиат хоки зану шавҳарро аз як лойдон мегирад.
Ман шахсан ба ин мувофиқшавӣ рағбат надорам.
Боре дар тасаввур оваред: ҷавони батамкину камгап духтари шӯху хандон ва беқарореро ба занӣ интихоб кард.
Аз рӯи ин назария бояд ки арӯс бо мурури солҳо монанди домод камгапу пуртамкин гардад. Охир, ҷавони батамкин маҳз барои шӯхию хушҳолиаш он духтарро дӯст дошта буд. Агар баъди якчанд соли ҳамзистӣ арӯсаш монанди худи вай камгапу пуртамкин гардад, аҷаб не, ҷавон ҳайрон шавад: охир, як замон вай чи духтари хушҳол шӯху дилрабое буд! Ку он?.. Ҷавон номаълум ҳар он чи дар сиришти духтар буд, барҳам дод ва арӯсаш ба сояи ӯ мубаддал гашт. Баъд аз ин ҷавон аз он сояи беранги худ балки нафрат мекунад.
Аз ин сабаб ман тарафдори онам, ки зан дар хонавода бе таъзиқ, бо фикру ақидаи худ, рафтору кирдор, гуфтор ва хулқи худ озод, комилан озод бояд бошад.
Маданияту маърифати ҳар миллат дар муносибати он ба зан равшан зуҳур мекунад. Бузургон гуфтаанд, хонаводае, ки зан дар он хушнуд ва хушбахт нест, аз шодмонӣ бенасиб аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо