Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Савол: Бештарин сабаби нокомӣ дар ҳаёти оилавӣ, ба фикри шумо чист?
Ҷавоб: Шитобкорӣ... Духтарон махсусан набояд ки дар ин бобат шитоб кунанд. Духтаре, ки шитобу беқарорӣ кард, аксар хато мекунад, фиреб мехӯрад. Ва як умр азоби он хатои аввалинро мекашад. Бинобар он ҳам, аксаран духтарони бетамкин ва саросема аз бахти худ қонеъ нестанд. Духтарони пуртамкин ҳамсарони мувофиқ пайдо мекунанд. Умуман, духтарони батамкин серхаридоранд.
Савол: Хулқан чи гуна духтарон ба ҷавонон писанд меоянд?
Ҷавоб: Ҳама мехоҳанд, ки дӯст доранд ва маҳбуби азизи шахси дилписанди худ бошанд. Аммо на ҳама ба ин муяссаранд. Бисёр ҷавонону духтарон сабаби ин бебарориро аз ҳусну малоҳат медонанд. Боре ба мардум нигаред, мушоҳида кунед: дар муҳаббат кӣ бебарортар ва бадбахттар аст? Бештар онҳое, ки симои зебо ва зоҳири дилнишине доштанд... Бисёр ҷавонони оқилу ҳунарвар маҳз барои зиёда зебоиашон аз баъзе духтарон гузар мекунанд. Фақат духтарону ҷавонони хомандеш аз паи ҳусну таровати зоҳир, мафтуни чашму абрувон, холу хати мӯю рӯй ва қадду баст мешаванд. Мардуми дурандеш ба ҳусни пуршукӯҳ не, ба ситораи гарми маҳбуби худ дилбанданд. Дар ин як калимаи “ситора” халқи мо маъниҳои зиёдеро ҷо додааст. “Ситора дорад”, “ситорааш гарм” ҳамрадифи калимаҳои “ҷозиба”, “ақлу хирад”, “фаросату идрок” аст. Баръакс, шахси беситора, пайкари холиву хушк, нигоҳаш аз нури хираду ақл бенасиб, аз зиракию фаросатмандӣ бебаҳра аст.
Баъзан мегӯянд: фалонӣ духтари шаддод буд, ба ҳафт гулах алав мондагӣ, аз ҳар гӯру бало хабардор, бешарму ҳаё буд, аммо толеаш баланд будааст, ба як ҷавонмарди олиҷаноб расид.
Ман ҳам инчунин як духтареро медонам. Муҳаббати

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо