Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

кӯркӯрона сабаб шуд ва як ҷавони хушфеъл, боҳунар, фарзанди хонаводаи аз ҳар бобат намуна талабгор гашт.
Сиру савдоеро, ки духтар аз сар гузарондааст, ҳеҷ пинҳон кардан намешавад. Баъди як-ду моҳи зиндагӣ ҷавон фаҳмид, ки ҳамсараш аз он духтарони покизазамири ӯ пиндошта нест. Духтар ингуна тағйири авзоъ кардани ҷавонро кори модаршӯ гумон кард ва шавҳарашро ба хонаи алоҳидаи падари сарватмандаш инъом карда бурд.
Ҷавон ба ночор, гӯё бо гардани баста ба он хонаи пурҷиҳоз даро-буро дошту мегуфт, ки гӯё ба хонаи зани бегонае даро-буро дорад. Шояд ин ду тан умрҳо бо ҳам зиндагӣ кунанд, аммо ҳамзистии бемуҳаббат азоб аст...
Ба ман чунин менамояд, ки ҷавонон соддагию гӯлӣ ва аз бисёр сиру савдои олам бехабарии арӯси худро бахшидан метавонанд, аммо аз ҳар кӯчаи зиндагӣ огоҳ будани онҳоро ҳаргиз намебахшанд. Аз ин сабаб беҳтар он аст, ки духтарон бештар парҳезгориро пеша кунанд.
Савол: Дар повесту ҳикояҳои шумо мавзӯи муҳаббат бисёр ба тасвир омадааст. Шумо бештар ба ҷавонон чигуна муҳаббатеро талқин мекунед?
Ҷавоб: Моҷарои муҳаббат ва қиссаи ишқу ошиқӣ дар бештарин ҳикояву повестҳои ман мақоми асосӣ доранд. Дар повестҳои “Рухсора” ва “Тору пуд” муҳаббати сидқӣ ва ҳамзистию ҳамҷиҳатии одамони айёми мо тасвир шудаанд.
Солҳои охир баробари дӯстдориҳои сидқию самимӣ дилкашолиҳои булҳавасона ва майлу ҳоҳишҳои кӯркурона маро бештар ба ташвиш меоваранд. Муттасил мушоҳида мекунам ва рафтори баъзеро басо нохуш ва ҳузновар мебинам. Масалан, хеле айём аст, ки якчанд нафар ҷавононро медонам ва менигарам, ки дар кӯю кӯча ва тӯю сурҳо ба ҳар як зану духтари пешомада назари тамаъкор ва забони хушомадосор доранд. Баъзан фирефтан ва ба дом афкандани баъзе зану духтари соддалавҳ ва сабукфикр ба ин мардон насиб ҳам мешавад. Ва-

пешина
аз 393
навбатӣ