Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
дуру наздик дӯстону ҳаводорони ин адабиёт ҷамъ мешаванд, ҳамчун вакилони Иттифоқи нависандагони СССР ширкат доштем.
Ба хоки файзбахши Булғористон қадам ниҳодему нахустин амале, ки дар назари ин фақири ибратпазир ҷолиби таваҷҷуҳ намуд, пас аз даҳ дувоздаҳ дақиқаи аз ҳавопаймо фуруд омадан бӯғҷомаву ҷомадонҳоро гирифтанамон буд. Ҳамон самолети тамғаи “Ту-154”-и Аэрофлот, ҳамон миқдор мусофирон, чунон ки аз Душанбе ба Маскав ё аз Маскав ба Душанбе мепаранд ва ҳар яке ҷомадоне дошт... Дар фурудгоҳи хеле камравуои Душанбе баъзан соатҳо ҷомадонҳои худро интизорӣ кашидани мусофиронро ба ёд меовараму баъзан ба худ мегӯям: “Агар барои мансабдорони мо дар аэропорти Душанбе гӯшаи алоҳида ба унвони “депутатский” тахсис намекарданд, балки корҳо ин қадар дӯлоб намебуд...” Моро дар фурудгоҳи ҳавоии шаҳри София ба меҳрубонӣ истиқбол карданд, хайра мақдам гуфтанду сипас рост ба ҷониби вилояти Смоляни — минтақаи кӯҳистони Булғористон роҳ гирифтем. Смоляни аз София дар масофаи қариб сесад километр дар самти шарқ воқеъ афтодааст. Ин диёри саросар кӯҳсору бешазор фароғатгоҳи дилпазири на фақат аҳли Булғористон, балки ҳамчунон макони дилписанди бисёр сайёҳону истироҳатгоҳи мардумони кишварҳои хориҷӣ аст. Аз ин аст, ки дар кӯҳистони саросар бешазори ин ҷо меҳмонсароҳои бошукӯҳ сохтаанд, ки дорои кулли лавозимот ва василаи зисту фароғат аст. Барои лижатозӣ дарахтони баъзе минтақаро бурида, долони яхмолакбозӣ кушодаанд. Баъзе аз ин меҳмонсароҳо бемуҳобот аз меҳмонхонаҳои калонтарини пойтахти республикаи мо бузургтар ва шукӯҳмандтар буданд. Ҳунари меъморӣ ва хушсифатии сохти онҳоро намегӯед!
Роҳҳои аълои ин кӯҳсорон зимистону баҳор омили мошингардӣ аст. То ки мусофирон аз сангпарӣ эмин бошанд, самти болои роҳро симтӯр кашида, ҷониби поёни онро саросар монеаҳои устувори оҳанӣ кашиданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо