Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар ҷумҳурияти мо, ки нуфусаш кам не — қариб ними аҳолии Булғористон аст, ақаллан дар навбати аввал роҳи Варзоб ё Душанбею Комсомолободро ба ин минвол бехатар мекарданд, чи хуш буд! Охир дар замини Тоҷикистон нафақат бодирингу помидор ва ё тамокуи булғорӣ, балки гаронтарин зироати техникӣ — пахта мерӯяд!.. Сипас пули он ба куҷо меравад?! Ба деҳқон музди ночизе дода меситонему ба кӣ медиҳем?..
Шаҳри Смоляни дар оғуши кӯҳистон воқеъ афтода аст. Иморатҳои мӯҳташами онро меъморони ҳунарманди булғор хеле моҳирона дар камари талу теғаҳо ба муҳит мувофиқ пайвастаанд. Шаҳр майдони фарох надорад, аммо кӯчаҳои дилписанд ва биноҳои назаррабои он кам нест.
Чоруми октябр шомгоҳон дар ин шаҳри кӯҳбисоти осмонаш наздик оғози ҷашни адабиёти булғор барпо гашт. Дар майдони идгоҳи шаҳр, ки он ҳам чандон фарох набуд, вале монанди амфитеатрҳои дунёи қадим дар зинаҳои атрофи фарозу нишеб мардумони зиёдеро ҷо карда буд, он шаб чунон ҷашни пурсуруре барпо шуд, ки аз бозии чароғҳои рангоранг, аз фаввораи мушакҳои ситорабор, аз шеъру тарона, аз нағмаҳои рӯҳпарвару рақсҳои диловез ҳама мадҳуш буданд. Дар ин базми сухан ва суханварон аз кӯдакон то пирон — ҳама мардуми шаҳр иштирок доштанд.
Ҳар сол дар ин ҷашни адабиёт барои беҳтарин ҳикояву шеърҳо, повесту романҳои марғубтарине, ки писанди мардум гаштаанд ба адибон ҷоизаву тақдирномаҳо месупоранд. Дар ҷашни имсол низ як қатор адибони булғор ба подошҳои гуногун тақдир ёфтанд. Ман аз баъзе ҷавонони булғор, ки ҳамсӯҳбатам буданд, савол кардам, ки ба осори тақдирёфта чи баҳо медиҳанд ва дар ҷавоб шунидам: “Ҳамаи осори тақдирёфта аз китобҳои дилписанди мост, жюрии мо ба асарҳои хому беҳунарона мукофот намедиҳад... Вале баъзан шумо он осори хомро баргузида тарҷума мекунед...” Ман дар ҷавоби ин кинояи дӯстон хомӯш мондам. Чи гӯям, ки ҳақ ба ҷониби

пешина
аз 393
навбатӣ