Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
гӯянда буд, воқеан ҳам, дар мо ин ҳол ончунон ривоҷ гирифтаст, ки ҳатто мукофотҳою ҷоизаҳои баландро баъзан ба адибони беҳунар, ба осори халтура медиҳем ва аз ин кори худ ҳаргиз хиҷолат намекашем...
Рӯзи дигар адибон ба гурӯҳҳо тақсим гашта ин ҷашни суханро ба шаҳру деҳи вилоят бурданд. Ману Святослав Рыбас, ба шаҳри маъданканони булғор — Маъдан рафтем. Чунон, ки аз номаш бармеояд, ин шаҳраки дилкушо маркази ин диёри маъданканони Булғористон аст.
Маъданканон ҳам барои беҳтарин осори адабии соли рафта ба адибон мукофоти худро тақдим карданд.
Махсусан, осоре, ки аз ҳаёти маъданканон ҳикоят мекунад, дар навбати аввал тақдир ёфт. Яке аз тақдирёфтагон адибаи булғор Лилиана Михайлова 350 леви мукофоти худро ба хонаи маданияти шаҳрчаи маъданканон ҳадя кард, то ба он маблағ китоб бихаранд.
Чи дар деҳот ва чи дар шаҳрҳои хурду бузург ҳунари меъморони булғор қобили таваҷҷӯҳ аст. Аз ин лиҳоз дар деҳу ноҳияҳои мо ягон иморате, ки ба инсон диққати касро ба худ кашад, ба назар намехурад. Балки аз ин сабаб ки як нафар булғоре, ки ба ҳамин қарибиҳо Тоҷикис тонро сафар кардааст, дар сӯҳбат ба ман мегуфт:
— Ман дар диёри шумо будам, мардуми тоҷик хеле камбағал ва бебизоат аст.
— Ба чи далел мардуми моро камбағал мегӯед? — боз пурсидам аз ӯ.
— Аз дараи хеле хушҳавои Варзоб гузар кардем, ки он дар қариби пойтахти шумо воқеъ аст, аммо дар он мавзеъ ягон виллаи назарраборо надидем...
Баъди анҷоми ҷашни адабиёт дар шаҳри София, дар толори кабуди Иттифоқи нависандагони Булғористон мулоқоти адибони булғор ва меҳмонони хориҷӣ баргузор буд. Адибони кишварҳои сосиалистӣ ва Юнони ҳамсояи Булғористон дар ин мулоқот сухан карданд, аз хусуси тарғиби адабиёти якдигар ва равобити адабӣ изҳори андеша доштанд. Шоири афғон Муҳаммад Розиқӣ Фонӣ, ки замоне дар Булғористон доири илми иқтисодиёт ас

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо