Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
, ба воситаи радио ва телевизион фаҳмонем...
Маро аз дил мегузашт, ки ҷавонону наврасони носкашро мо ҳам бояд аз зиёну заҳмати ин заҳри беамон бояд ки сари вақт огоҳӣ диҳем.
Сипас Йордан хоҳиш кард, ки он шеъри дар
маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагони Булғория хондаамро барои ӯ бозхонам. Ман он шеъри халқиро байтбайт хонда, мазмунашро барои ӯ тарҷума кардам. Мухтасари он шеър ин аст:
Ғарибӣ кӯи сахт аст, эй бародар,
Ғарибонро накӯ дору маёзор!
Саҳаргоҳон дари хона кушодам,
Бидидам як ҷавоне хуфта бемор.
Сарашро бар сари зону ниҳодам.
Ҷабинашро бибӯсидам падарвор.
Бигуфтам: “Эй ҷавон, асл аз куҷоӣ?”
Бигуфто: “Асли ман аз шаҳри Булғор”.
Агар афтад гузорат сӯи Булғор.
Магӯӣ мурданам зинҳор-зинҳор.
Ҳамон модар маро бо ноз парвард,
Падар баҳрам кашида ранҷи бисёр.
Бародар бишнавад, ғамнок гардад,
Бигиряд хоҳари мискини ман зор...”
Ғолибан, тоҷикон аз қадим бо мулки Булғор равобити тарафайн доштаанд, — гуфтам дар охир. — Агарчи бо ин ном диёри канори Волга низ маъруф аст, илова кардам.
— Бале, аҷдоди мову шумо ба воситаи Туркия робита доштаанд — гуфт Йордан.
— Бале, ибораи “кафши булғор” ҳанӯз ҳам дар осори лафзии мардуми тоҷик дучор меояд, ки онро таҳлил ва таҳқиқ бояд кард...
Сӯҳбати ҷонпарвари маро гӯё охир набуд...
Душанбе — Москва — София,
октябри соли 1987

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо