Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ХОКИ МЕҲРАНГЕЗ

Сарсабзии замини фарохдомани Ёвон аз орзуҳои ҷавонии ман ва ҳамсолони ман буд. Мо солҳо шайдои ин орзую омол кору эҷод доштем. Дар ҳошияи домани солҳои шастум диққати ҳар як марду зани тоҷик ба ин дашти синакабоб ва биёбони беоб ҷалб гашта буд: нақби ҳафтуним километрӣ ба субут расида, оби Вахш ба Ёвон меомад. Ман он солҳо дар идораи рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” кор мекардам ва метавон гуфт, аз боби кори нақбканон ва созандагони дигар иншооти обьёрӣ, аз интизории об ва иду тантанаи истиқболи оби Вахш дар дашти Ёвон барои ҷавонон хеле мақолаву репортажҳо интишор кардаам. Он солҳо тасвири Ёвон ва воқеаҳои он дар шеъру ҳикояҳои ман аксандоз гашта буд. Хитобан ба маҳбуби дилошӯб дар як шеъри худ навишта будам:

...Ман чу саҳро, гар ту оӣ
Ҳамчу оби сарди Вахш,
Дашти Ёвони туам ман, —
Босафову рӯҳбахш!..

Дирӯз ман боз қад-қади он каналҳои аввалин ва даҳони нақб, ки метросозони Москва дар пештоқи он соядасти худ — ҳарфи “М”-ро сабт карда буданд, гузаштам.
Ҳоло замини ҳосилбахши Ёвон пеши назарҳо доман паҳн карда буд — саросар пахтазор...
Мо ба маркази фермаи Қайнама мерафтем. Сармое, ки имсол дар нисбати солҳои пеш қариб як моҳ барвақт ба сари диёри мо расид, ҳамаро ба як бор ба ташвиш афканд. Махсусан, чорводорон ингуна сармои шадидро чашмдошт набуданд. Ҳар сол дар чиллаи зимистон ҳам моли реза аз кӯҳу дашти Ёвон ғизои зарурӣ мегирифт, аммо барфҳои паёпайи зимистони бармаҳали имсол ҳунар ва матонати чорводоронро ҷиддан имтиҳон кард.
Мошини мо бо ду чархи қафо гоҳ ба чапу гоҳ ба

пешина
аз 393
навбатӣ