Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ДИДУ ВОДИДЕ МУБОРАК
Ба шарофати бозсозӣ ва шикасти даврони карахтию ҳақношиносиҳо равобити маданиву маънавии ду республикаи ҳамсоя Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имрӯз бештар аз ҳамеша рӯ ба таҷаддуд овардаст. Солҳои охир бисёр адибону ҳунарварони Ӯзбекистон дар Тоҷикистон меҳмон буданд ва бо ҳаводорони худ имкони мулоқот доштанд ва адибони тоҷик ҳам борҳо меҳмони мардуми тоҷики Ӯзбекистон гаштанд.
Рӯзҳои адабиёти тоҷик дар шаҳри Самарқанд, ки аз бисту сеюм то бисту ҳаштуми ноябрмоҳи соли 1988 ҷория идома дошт, давоми ҳамин чораҷӯиҳои айёми бозсозӣ буданд.
Мо — як гурӯҳ адибони тоҷик — Убайд Раҷаб, Ҷӯра Бақозода, Абдураҳмон Абдуманнонов, Сафармуҳаммади Айюбӣ ва ин бандаи фақир бо даъвати шӯъбаи Иттифоқи нависандагон Ӯзбекистон дар шаҳри Самарқанд меҳмони ҳаводорони адабиёт будем.
Самарқанд маркази давлати Суғди бостонӣ, шаҳри таърих, осорхонаи Шарқи куҳан, шаҳри фазлу ҳунар, гулбоғи муҳаббату дилҷӯиҳо, саҳнаи диловариҳои ниёгон аст. Аҳли маънӣ чи дар гузашта ва чи имрӯз иқроранд, ки дар қаламрави Аҷам лашкари Қутайба фақат дар остони Бухоро ба мамониати ҷиддӣ дучор гашта ва фақат мардуми Самарқанд “дар напазируфтани бегонагон ҷонбозиҳо кардаанд.” (“Таъбири Маликушшуаро Муҳаммад Тақии Баҳор”).
Бунёди тамаддуни мардуми эронинаҷод аз Бухоро ва Самарқанд сар кашидааст. Дар садаи ҳаштуми милод, замоне ки дар ин ду хуррамшаҳр забону адабиёт ва илму фарҳанги тоҷик сарсабзӣ гирифт, ҳанӯз дар шаҳру вилояти дигари Осиёи Миёна, Эрон ва Афғонистони имрӯз сукути гарон ва хомӯшии мутлақ ҳукмрон буд. Абулянбағӣ аз нахустин шоиронест, ки дар садаи ҳаштум ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо