Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хулоса, аз ин саҳви фоҷиаомези ҷамъиятӣ сабақе набардоштан далели он аст, ки мо гаштаю баргашта ба ин санг пешпо мехурем.
Ногуфта набошад, ки ҳуқуқҳои демократиро фақат дар ҳудуди корхона ё колхоз ҷорӣ кардан ҳам як навъ демократиябозӣ асту бас. Барои солимии маънавӣ ва ислоҳи бисёр ҷиҳатҳои маъюби ҷамъият демократияе, ки аз поён то боло қатъию устувор ва амалӣ бошад, зарур аст.
Бе он ҷамъияти моро футури бузург хоҳад расид.
Бозсозиро бо гуфтани ними ҳақиқат ва корбандиҳои намоишкорона маҳдуд кардан аломати он аст, ки бюрократизм ба ин амри савоб муқобилият дорад.
Дарвоқеъ, ҳоло фақат бюрократ умедвор аст, ки валвалаи бозсозӣ ҳам монанди дигар чораҷӯиҳои мавсимӣ даргузар аст... Аммо ҳамаи аҳли заҳмат, мардумони равшанзамиру покният умедворанд, ки ин ташаббуси наҷиб дар нимароҳ нахоҳад монд. Ҷамъияти мо бояд аз дурӯғу норостиҳо, пардапӯшиҳое, ки дар паноҳи он қаллобону бюрократҳои гуногуннусха далер амал мекунанд, наҷот ёбад.
Аз ин ҷиҳат бозсозӣ ба ҷараёни табиӣ ва равнақи воқеӣ ворид омадани ҷамъият аст, ки онро ҳамаи аҳли заҳмат — одамони поктинат интизор буданд.

1987

пешина
аз 393
навбатӣ