Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мулоқоти адибони тоҷик бо аҳли адаби шаҳри Самарқанд, ки дар маҳфили шоистае ба унвони “Сайқал” муттаҳиданд, хеле ҷӯшон ва мароқангез буд. Дар қатори қаламкашони нисбатан соҳибтаҷриба чун Аслиддин Қамаров, Акбар Пирӯзӣ, Норқул Остонзода, Ҷумъа Ҳамроҳ, Ҳаёт Неъмат мо бо як идда адибони навмашқ ошноӣ доштем, ки ба дарёи адабиёт ҳар яке бо туғёни худ меомад.
Аз ошноӣ бо осори онон ман чунин натиҷа гирифтам, ки адибони ҷавони Самарқанд ба як-ду нафар устоди дар назм ва насри имрӯзӣ қудратманд сахт эҳтиёҷ доранд. Хеле аз шеърҳои ононро бо андаке маслиҳат ва қаламзанӣ ба ифоқа овардан ва интишор кардан мумкин аст. Боист ки дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз ин хусус чорае созанд.
Мо дар сӯҳбату мулоқотҳо ба хеле саволҳои мардум ҷавоб мегуфтем, аз равнақи адабиёти тоҷик муфассалан иттило медодем. Дар ҳама ҷо фақат ба як савол ҷавоб гуфтан наметавонистем. Дӯстони самарқандӣ дар сари ҳар қадам аз мо мепурсиданд:
— Кай ба мо рухсат медиҳанд, ки дар паспортамон миллати худро нависем?
Дар воқеъ, кӣ ба ин савол ҷавоб гуфтан метавонад?
Дардро пинҳон кардан натиҷаи матлуб намедиҳад, мо боист, ки ошкоро ин масъаларо дар маърази муҳокима гузорем.
Саҳву хато, вайронкорию ноҳақиҳоеро, ки дар нисбати тоҷикони Самарқанду Бухоро ва дигар ноҳияҳои Узбекистон гузаштааст, ислоҳ накарда, аз дӯстию бародархондагӣ дар миёни ин ду миллати ҳамсоя сухан гуфтан дар назар беҳудагӯии маҳз аст.
Яке аз мардони равшанфикри Бухоро, раиси Шӯрои комиссарони халқии ҷумҳурияти мухтори Тоҷикистон Абдуқодир Муҳиддинов ҳанӯз соли 1928 дар саҳифаи “Роҳбари дониш” аз ин хусус навишта буд: “...мардуми шаҳри Бухоро ва атрофи он тоҷиканд, вале мехоҳанд, ки

пешина
аз 393
навбатӣ