Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ба зӯрӣ онҳоро ӯзбак кунанд. Ин хатои сиёсӣ дар як вақте карда мешавад, ки Ҳукумати шӯроӣ ёздаҳ сол дар Осиёи Миёна давом мекунад”.
Ин фикри он марди ҳақиқатшиорро имрӯз котиби якуми КМ ПК Ӯзбекистон Р.Н.Нишонов дар мусоҳаба бо мухбири рӯзномаи “Комсомольская правда” тақвият дод:
“...баъзе тоҷиконе, ки дар Ӯзбекистон маскунанд, бо гуноҳи иддае амалдорони миллатгарой дар паспорт ба худ миллияти ӯзбекро гирифта буданд, дари баъзе мактабҳои тоҷикӣ баста шуданд...” Доктори илми таърих Е.В.Зеймал дар маҷаллаи “Коммунист” (№15, 1988) ба ин ақидаи комилан ҳаққонӣ чунин ҳамовозӣ кард: “Тоҷикон, ки дар шаҳрҳои калон (Самарқанд, Бухоро ва ғайра) аксари куллро ташкил мекарданд... маҷбур буданд, ки дар паспорт миллати худро “ӯзбек” нависанд... Ин саҳв афсӯс, ки то ба имрӯз ислоҳ нашудааст”.
Оммаи тоҷикзабони шаҳру вилояти Самарқанд имрӯз соҳиби фаъолиятанд ва аз ваҷҳи ҳуқуқҳои маънавии худ сухан мегӯянд, додхоҳӣ доранд. Гӯш ба карӣ задан дигар аз инсоф ва ақлу хирад нест. Бозсозӣ ин амрро тақозо дорад. Пас чаро истисмори маънавиро аз миён набардорем ва саҳву хиёнати пантуркистон ва миллатчиёнро ислоҳ насозем.
Мо дар фурудгоҳи Чӯпонато бо дӯстони самарқандӣ падруд ва хушбошӣ доштем. Шоир ва ҳофизи соҳибзавқи самарқандӣ Ҳаёти Неъмат ба ду асобағал такя дода дар майдони фурудгоҳ аз паси мо дастафшонӣ мекард.
— Тимсоли зиндаи Самарқанд аст, — гуфт ҳамсафари мо шоир Сафармуҳаммад Айюбӣ. — Ҷисман нотавон аст, аммо туғён дорад, овоз дорад.
Мунаққидон Ҷӯра Бақозода ва Абдураҳмон Абдуманнонов ӯро таҳсин карданд, ки ташбеҳаш мувофиқ аст.
Ман эътироз кардам:
— На! Бешак Самарқанд Ҳаёт аст, вале Ҳаёти солиму неруманд аст, Неъмати хурӯшон аст... 1988

пешина
аз 393
навбатӣ