Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҳо монанд чандин муассисаи дигар барои норозиён ва тафтишу таҳқиқи берунагон дарбаста буд. Дар натиҷа кори ин муассисаҳо бештар аз ҳама дӯлоб шуд. Натиҷаи имтиҳоноти қабулро низ санҷидан, таҳқиқ кардан зарур аст. Ба ғайр аз ин, саволе ба миён меояд: чаро ин қадар ҷавонон ба ходимии адлия хондан мехоҳанд? Магар сабаби ин “шавқмандӣ” ришвахӯрӣ нест? Чаро ин ҳолро дидаю дониста бепарвоем?!
Дар факултети шарқшиносии УДТ низ аксаран ҷавонони аз илму адабиёт бебаҳра таҳсил мекунанд. Ҳол он, ки ба ин факултет низ дар нисбати факултетҳои дигар се-чор маротиба зиёд довталабон ҳуҷҷат месупоранд.
Аммо довталабони хушсалиқа ва хушсавод не, эркатулфорҳои ҳомидоре, ки аксаран саводи кофӣ надоранд ба курсии донишҷӯй мешинанд.
Шунидам, ки дар донишгоҳ устоди ҳақбине ҳангоми дучораш ба ҳар як донишҷӯи ноқобил аз сӯзи дил мегуфтаст: “Ба касофати ту республика аз як нафар инҷинери нағз бенасиб монд, ту ҷои ӯро гирифтӣ...” Ман ба ин сухани он марди дилогоҳ илова карда гуфтан мехоҳам: “Ҳар яке аз ин қабил донишҷӯён на фақат диёрро аз як нафар инҷинер, духтур, муаллим ва ё олим маҳрум мекунад, балки бунёди ҳаёти мо — сидқу виҷдон, ростию дурустӣ, адлу инсоф, одамият, — ҳамаро поймол кардан мехоҳанд. Яъне, ин қабил ҷавонон ахлоқи маънавии ҷамъиятро хароб месозанд, зеро дар муҳити солим ва покиза онон муваффақият намеёбанд.
Боист ки маънавиёт, ахлоқ, сидқу ростӣ на фақат дар мактаби миёна, балки дар донишгоҳи олӣ ҳам меҳвари ҷаҳду асоси ҷустуҷӯҳо бошад. Беҳуда нест, ки дар мактабҳои таълими умумии мамлакатҳои капиталистӣ ба фанни математика дар нисбати мактабҳои мо ду баробар камтар вақт додаанд. Фанни физика барои онон фанни ҳатман зарурӣ нест, фақат 20

пешина
аз 393
навбатӣ