Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

фоиз талабагони хоҳишманд онро меомӯзанд... Яъне, ба тарбияи маънавии инсон диққати асосӣ додани онон равшан ба назар мерасад.
Ҳоло бозсозӣ дар мамлакат дарғоти сукут ва хомӯшии сангинро мешиканад. Қабл аз тағйири зиндагӣ боист, ки мо тағйири маънавӣ кунем ва дар афкору ақидаҳо бозсозӣ намоем. Бе тағйироти маънавӣ бозсозӣ номумкин аст.
Имрӯз дар ҷамъияти мо аз хусуси нуқсонҳои гуногун фошофош мегӯянд, ки ин амал ногузир самараи матлуб хоҳад овард. Дардро нухуфтан ва нагуфтан худ як дарди бедавоест. Аммо боист бигуфт, ки ҳоло каҷдумро ба халқ намудану ҷумларо аз неши ҳалокатовари он огоҳ кардан кам аст, вақт аст, ки усули куштани онро биандешем. Кӣ ба ин кор нахуст ҷасорат мекунад? Азбаски солҳои тӯлонӣ он диловароне, ки ба каҷдум санг бардошта ҷасорат зоҳир карда буданд, аз ҷониби умум дастгирӣ наёфта, мағлуби системаи бюрократӣ гаштанд, чашми аксарият тарсидаст. Зарбаи ин косамавҷ боз солҳои зиёде дар дилу дар шуури мо идома хоҳад ёфт, дасту пои моро занҷирбанд хоҳад дошт.
Ҳоло давр худ ба кӯмаки мо расид. Бозсозӣ шиор не, хитобагӯӣ нест, балки дастури амал аст барои навсозии рӯзгор, рафтор, фикру ақида, бинишу фаҳмиш. Кист, ки дар ин ҷода моро раҳнамо бошад, ку он марде, ки ҳамагон ба сӯи ӯ бо эътимоди қавӣ муроҷиат кунанд?! Ҳайфо, ки мо имрӯз раҳбаладе надорем, марде, ки дар сидқу ростӣ эътирофаш кунем, ба вай бовар дошта бошем, ҳар яке ба наздаш рафта ба дарди худ даво пайдо кунем, нест, ки нест.
Чаро даврони мо раҳбарони аз тарафи умум эътирофёфтаро ба миён наовард?.. Ба фикри ман, ин масъала таҳлилу таҳқиқи алоҳида мехоҳад.
Ҳоло ба мо дар ҳар як идораю донишгоҳ, колхозу корхона сарварону фаъолоне лозиманд, ки муқобили ҳаромхурию сохтакорӣ, зидди гурӯҳбандию маҳалгароӣ қиё-

пешина
аз 393
навбатӣ