Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ки роҷеъ ба вазъи имтиҳони қабул дар ин факултет дахл мекард, бахшидаанд.
Навиштаҳои декани факултети шарқшиносӣ К.Мусофиров ва муаллим А.Байзоев маро ҳайрон кард.
Мехоҳам эроди онҳоро боре мулоҳаза кунед. Ман агар хабари ҷумлаҳои худро дар замони гузаштаи дур оварда бошам, ин рафиқон аз он чунин хулоса бардоштаанд:
“Муаллиф аксари фикру ақидаҳои худро дар асоси шунидаҳояш баён намудааст...” Дӯстонам, инсоф диҳед, охир ман дар даст даҳҳо санад дорам, ки аз имтиҳонҳо баҳои паст гирифтани аълохони ҳақиқӣ ва баҳои хуб гирифтани сустхононро собит мекунанд!.. Лекин имрӯз кӣ имкони дар имтиҳони онҳо иштирок карданро дорад?! Бо билети нависандагӣ ман то ба сарҳади давлатамон бемамониат меравам, аммо ба дари имтиҳони қабули донишгоҳи шумо наздик рафтан наметавонам! Гумонам, ҳеҷ касе чунин ҳуқуқ надорад... Чаро бо дару дарвозаи баста ҷавононро имтиҳон мекунед, ман ҳайронам. Хуб, аз мавзӯъ дур наравам: Комил Мусофиров, бояд бидонанд, дар журналистика ва адабиёт бисёр мавзӯъҳое ҳастанд, ки нигоранда имкони бо чашми худ дидани онҳоро надорад ва баъзан дидан зарур ҳам не, натиҷааш даркор аст. Маҳз натиҷа моҳияти аслии ҳаводисро таъин мекунад.
Маро чунин дар назар омад, ки якчанд эроди К.
Мусофиров ва А.Байзоев ба ин банда бо ҳақиқат ҷуфт намеояд. Чунончӣ, онҳо навиштаанд: “Студентони ин ё он факултетро сарпо бесавод эълон кардан аз рӯи инсоф нест!..” Охир дар мақолаи ман ин гуна даъво нест-ку, муаллимони мӯҳтарам! Роҷеъ ба онҳое, ки имсол донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносӣ гаштаанд, ман чунин навишта будам: “... агар ғолибони конкурси имсоларо холисона, ҷиддан имтиҳон кунем, аксаран саводи саҳеҳ надоранд”.
“Аксаран” гуфтаам, ки маънии он аз ним бештар, яъне аз ду се нафар! Ва онҳоро бесавод не, балки “саводи саҳеҳ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо