Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ме барпо кунанд. Чунон як қиёме, ки ҳамаи мардуми равшанфикру некирода дар он ҳамранҷу ҳамоҳанг бошанд.
1988
ДУҒИ КӢ ТУРШ АСТ?
Баъди мутолиаи мақолаи “Фасли изтиробҳо” (“Тоҷикистони Советӣ”, 6 сент., 1988) агарчи аксари кулли хонандагон ба ақидаи ин банда шариканд, гурӯҳе аз устодони донишгоҳҳо ва фирқае аз донишҷӯён ба он навиштаҳо чандон розӣ набуданашонро ба воситаҳои гуногун изҳор карданд. Хеле, хушнудам, ки хонандагони касбу кори мухталиф аз ҳар канори диёр ҳамфикрии худро низ ба ин банда изҳор карданд. Фирқае, ки ба ақидаи ман розӣ нестанд, дар сӯҳбату мулоқот ба тавассути телефон ва ҳам дар саҳифаи рӯзнома фикри худро баён карданд. Аз ваҷҳи баъзе каҷфаҳмиҳо ба ночор чанд нуқтаро бояд, ки ҳоло тавзеҳ диҳам.
Нахуст гуфтаниам, ки маро на аз устодону ходимони Дорулфунуни давлатии Тоҷикистон ранҷише ҳасту на аз муаллимони дигар донишгоҳҳо. Аз наздикону пайвандони ман ҳаргиз касе фикри ба шӯъбаи шарқшиносӣ ё ҳуқуқшиносӣ дохил шудан накардаст ва агар имрӯз чунин санаде мебуд ҳам, он ба изҳори ақида кардани ман таъсире надошт.
Сониян, ман фелетон нанавиштаам, то факту рақам ва санадҳоро қатор кунам. Ман андешаҳои худро, саҳеҳтараш, ташвиши худро гуфтам, ба як проблемаи хеле дилфишори рӯзгорамон андаке дахл намудам, диққати аҳли маъниро ба он ҷалб кардан хостам.
Ин ҳам гуфтанист, ки дар мақолаи ман хеле масъалаҳои ташвишовари ҳаёти имрӯз мавриди баҳс қарор гирифта бошад ҳам, устодону кормандони УДТ (хоса шарқшиносон!) мақолаҳои худро ба як-ду ҷумлае,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо