Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

саҳеҳ надоранд, қоил намешавед, пас то куҷоҳо “санги ман сад ман” гӯён мегардед?! Балки баъди мутолиаи ин мақола ба саводи саҳеҳ надоштани худ қоил мегаштагистед?
Дар охир ба чунин як даъвои ин рафиқ мулоҳаза кунед: “Магар дар бораи факултете, ки дар миқьёси СССР яке аз беҳтарин(?) марказҳои омӯзиши забону адабиёти Шарқ маҳсуб(?) мешавад, метавон чунин суханонро раво донист?” Ман чи гӯям, ки бузургони илму адаб гуфтаанд: “Ба ғавғо мефурӯшад ҳар киро об аст дар шираш!” Фаровонии чунин ҷумлаву ибораҳои тумтароқ, дур аз назокат ва мантиқи солим, пурғалат ва мазмунан аз ҳусни хоксорию вазъи адаб бенасиб дар навиштаҳои рафиқ Сафаров даъвии маро, ки дар мақолаи “Фасли изтиробҳо” баён кардам, магар тасдиқ намекунад?!
Ба ҳеҷ кас пинҳон нест, ки имрӯз дар ҷамъияти мо гуфтани ҳақиқат ва шунидани онро машқ мекунанд.
Боист, ки мо ҳақиқатро на фақат роҷеъ ба гузашта, балки доири имрӯз низ гуфтан ва шунидан тавонем. Барои ин амал моро маърифати баланд ва маданияти зиёиёна даркор аст. Бесабаб нест, аксари кулли он шахсоне, ки моҳияти бозсозиро намефаҳманд ва ё худро эътиқодманди Сталин ва даврони мустабиди ӯ мешуморанд, ашхоси каммутолиа ва тунукфикранд. Ва бешак бисёр касон имрӯз сухани ҳақро шунида, баъзан кӯр-кӯрона қатъан онро рад кардан мехоҳанд, ки ин ҳама аз таъсири рӯзгори гузаштаи мост. Мо дар ҷамъият солҳои тулонӣ муқобилон ва бетарафонро инкор кардему аз гуфтану шунидани сухани ҳақ ва дидани воқеият дур мондем.

1988

пешина
аз 393
навбатӣ