Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ЧАШМИ УМЕД МЕПАРАД...
Имсол аз боби забони азизи модарӣ азбаски бисёр гуфтанду навиштанд, ҳоло маро сухане афзудан басо душвор менамояд. Солҳои дарози таъбиду таъзиқҳои сталинӣ ва айёми карахтиҳои маънавӣ дард болои дард афзуда буд ва ранҷ болои ранҷ.
Кор ба ҷое расида буд, ки солҳои охир дар шаҳри Душанбе — дар пойтахти ҷумҳурияти Тоҷикистон, ҷумҳурияте, ки бахши асосии аҳолии он тоҷиконанд, дар комитети радиошунавонӣ ба ҷурми он, ки дар маҷлисе ба забони тоҷикӣ сухан карда буд, рафиқеро аз вазифа маъзул сохта буданд. Кор ба ҷое расида буд, ки баъзе аз мансабталабон бо аҳли аёл ва фарзандони худ ҳам дар хона ва ҳам дар кӯчаю бозор аз сухан гуфтан ба тоҷикӣ хиҷолат мекашиданд. Бахши асосии зиёиён, махсусан табибон, инҷинерон, ходимони адлия, бастакорону рассомон, ходимони кино низ аз паи онон мерафтанд. Дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ, забони ҳазорсолаи порсизабонони олам ба як навъ забони хонагӣ, забони табақаи оддӣ ва бештар ба забони коргару деҳқони заҳматпеша табдил меёфт.
Дар кӯчаҳои пойтахтамон борҳо воқеъ афтода, ки пирамарде ё зане кӯдак дар даст, ё марди деҳотие маро аз роҳ боздошта пурсидаанд:
— Ҳамин аризаро дар куҷо ба забони русӣ мегардонанд?.. Ман ҳақи хизматашро медиҳам...
Ба ин занони муштипар ва мардони ранҷбар дар кори пахтазорону мевазорон, ҳангоми парвариши молу кандани конҳо забони тоҷикӣ бедареғ хизматашро адо кард, аммо дар идораю вазоратҳои пойтахти Тоҷикистон

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо