Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Чунон ки Дейли Корнеги дар китоби худ овардааст, ҳатто хуношомтарин қотилон ҳаргиз худро як фарди разилу фурӯмоя ва зарарнок нашумурдаанд, золимтарин касон худро қаҳрамони даврон ҳисобидаанд.
Қабл аз Корнеги, рӯзгор худ маро собит намуд, ки танқид фаъолияти беҳуда ва зарарнокест ба шахси ман.
Ба ҳамин минвол ман яке аз сабабҳои бефаъолиятии мунаққидони адабиёти тоҷикро донистам.
Инсон иззати нафс ном эҳсосоти хеле нозук ва аксаран сохтаву бофтае дорад ва то ҷон дар рамақ бошад, дар ҳифзи он пойфишорӣ мекунад. Аз ин аст, ки ӯро агар зарурате пеш ояд, ҳама оламро гунаҳгор мекунад, аммо худро не. Аслан, аксари мо, яке бештар, дигаре камтар, ба ин дарди модарзод гирифторем. Ман хеле кам мардонеро дучор кардаам, ки тандеҳу олиҷаноб иқрор кунанд:
Ин хато аз ман гузашт, аз чунин айб пок нестам!..
Танқиди сахт дар таърих баъзе адибонро ба ҳалокат расонданашро мо медонем. Шоири англис Томас Чаттертон ба танқиди сахт тоқат наоварда худкушӣ карданашро аҳли илму адаб шунидаанд. Аз инчунин мисолҳо бисёр овардан метавон, аммо на аз адабиёти тоҷик! Дар адабиёти мо танқиди асоснок нест, ё мадҳия ҳаст ё фелетон.
Алғараз, ҳар кас ба танқид даст задан метавонад, яке асосноку эътимодбахш ва холисона, дигаре камасосу бештар бо каломи ҳақоратомез, аламноку шӯрида. Ва аксаран мардуми кӯтоҳбин чунин амал мекунанд, ки намунаҳои навиштаҳои ононро мо ҳар замон дар матбуот мехонем.
Ман ҳам басо вақти ҷавониро ба ислоҳи осори адабии беҳунарона харҷ кардаам. Фақат имрӯз донистам, ки он ҳама танқидҳои ман фарёдеро мемонанд, ки шамоли сахт ба ҳар сӯ мебараду фақат ба гӯши касе намерасонад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо