Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
САГЕРО БАД НАГӮЯМ
Ҳар як адиби ҳақиқӣ ва соҳибҳунар осори беҳунарона хоса интишор ва тақдиру таҳсин кардани инчунин китобҳоро намехоҳад. Баъзе гумон мебаранд, ки ин нафрат ва бадбинӣ аз бахилӣ ва нотавонбинӣ бармеояд. Дар назари ман ҳаргиз ин тавр нест. Адибе, ки андаке сухани гиро ва афкори шево дорад, ба каломи пучу ҳарзабаёниҳои бетаъсир чаро бахилӣ кунад?! Ҳунарвар агар бахил аст, ӯ ҳунарвари комил нест, ҳунару бухл дар як сина намеғунҷанд.
Осори инчунин афроди безавқ ва беҳунар азбаски шавқовар нест, завқи мардумро кунд мекунанд, дили халқро аз китоб ва осори бадеъ дур месозад.
Чун рахт-рахт китобҳои бехаридорро дар мағозаҳо мебинам, монанди он табиби одамкуше, ки ҳар гоҳ аз раҳи гӯристон гузар созад, аз хиҷолат рӯяшро мепӯшид, вуҷуди маро изтироб мегирад. — Ба интишори ин ҳама музахрафот, ки дар шакли китоб ҷилва мекунад, ман ҳам гунаҳгорам! Чаро боре мақолаи ғаррое навишта, ба ин касон нагуфтам, ки онон истеъдоди суханварӣ надоранд, ва чи ғаразе доранд, ки беҳуда хештанро ба ин саҳна андохта, ҳам худро ва ҳам дигаронро дарди сар медиҳанд?
Чаро ба ин зумра фошофош нагуфтам... Ба ин дастур баъзан амал кардаам, ки намунаҳои онро хонандагон балки ёд доранд. Аммо чи суд?.. Танқид монанди фарёдест, дар рӯ ба рӯи кӯҳи сангине, ки ҳамоно акси онро мешунавед. Ман аминам, ки аз сад навад нафари танқидшудагон дар рӯзгори мо худро заррае гунаҳгор намешуморанд. Онҳо фавран ба сафед кардани ҷурми хештан, сиёҳ кардани танқидкунанда шурӯъ мекунанд. Ҳеч кас мардона иқрор намекунад, ки ӯ ҳунари модарзоди суханварӣ надорад, ҳатто ба дил иқрор намекунанд, ки дар ҳақи ӯ аслан ҳақиқатро навиштаанд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо