Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ашӯлаҳои ширин”.
Дар ин чор мисраъ на нишони шеърият, на бадоҳат ва на лутфу маънии шӯху аломатҳои нозуку хотирнишини чистон ҳаст.
Дар илми химия катализатор ном мафҳуме ҳаст. Як намуди оддию биологии он хамиртурши нонвоӣ, ки мо
— ҳама медонем. Хамир чигуна мерасаду нони мо чи сифате хоҳад дошт, ба ҳамин як пораи хурди хамиртурш вобаста аст. Дар электротехника онро агар ангеза гӯем, ҷоиз будагист. Масалан агар ба агрегатҳои бузурги ГЭСи Норак ҳамчун ангеза ба воситаи батареяҳо андаке заряди электрикӣ надиҳанд, чархҳо беҳосил давр мегарданду бас. Китобҳои нахустини мактабӣ ҳам барои инсон ҳамчун катализатори ангезадор аст, фардои фарзандони моро ин китобҳо таъин мекунанд.
Боре аз паи таҷриба кӯдаконро нигаред: ҳазор гуна китобҳои дигарро бо шавқ ба даст мегиранду мехонанд, аммо китоби дарсии худро, ки соли дароз дар даст доранд, боре аз пеши худ кушода, варақ намегардонанд.
Ҳатто рӯзи аввали ба даст гирифташон ҳам онро варақ намезананд. Аз ин бобат мебояд ҷиддан биандешем.
Дар китоби дарсӣ барои кӯдакон мебояд, ки аз хулосаҳои тайёр даст кашид. Зеро фақат он китобҳое як умр раҳнамои инсонанд, фарзанди одамиро ноаён аз паи худ мебаранд, ки агар аз онҳо худи ӯ хулосае бардошта бошад. Китобҳои аввалин ба муҳаббати нахустини мо монанданд. Мебояд ки ин китобҳо аз сидқу самимият ва ҳусну назокат саршор бошанд ва моро ҳаргиз нафиребанд.
Китоб ғизои рӯҳ ва сарвати маънавии мост. Дар тамаддуни башарӣ мақому манзалати ҳар як миллатро аз рӯи он муққарар мекунанд, ки он чӣ миқдор китоб мехараду мехонад. Машъали меҳри китобро дар синаҳои кӯдакон ҷовидонӣ фурӯзон бояд дорем.
Дар охир пешниҳоде дорам: минбаъд ба рӯйхати мураттибони китобҳои дарсӣ баробари олимону педагогҳо адибонро ҳам дохил кардан зарур аст. 1983

пешина
аз 393
навбатӣ