Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
МУРҒИ ПУХТАГӢ ЧАРО МЕХАНДАД?
Баҳсе, ки дар саҳифаҳои “Тоҷикистони Советӣ” роҷеъ ба танқиди адабӣ ба вуқӯъ пайваст, имрӯзҳо дар сӯҳбату маҳфили ҳаводорони адабиёт ривоҷ дорад.
Ақидаи аксар дар сари ин нукта ҳамҷиҳат аст, ки танқиди адабии мо аз ҷараёни имрӯзии адабиёт ҷудо мондааст ва оҷизона аз паси он кашола аст. Инчунин ҳукм бешак ба мунаққидони мо хуш намеояд ва онҳо дар ҷавоб аз рӯи одати қаламронии худ ба сабукхезӣ мешӯранд, вале чи чора, ҳукме, ки аз далелу мантиқ сар задаст, ҳамеша бе риояи хотир бувад.
Муддате аз ин пеш мо — як гурӯҳ адибон дар шаҳру деҳоти вилояти Ленинобод сафар мекардему бо китобдӯстон гуфтугӯҳо доштем ва ҳамчунон дар Кӯлоб иди китоб барпо гашту мо дар онҷо бо хонандагон вохӯрда, сӯҳбат оростем. Чун ба ҳар як мавзеъ по мениҳодам, ман сараввал ба ҷустуҷӯи дӯкони китоб мерафтам. Не, маро ба дӯконҳои китоб ҳисси кунҷковии адиб накашид. Китоби нави ман (бино ба шаҳодати идораи китобфурӯшии республика) дар дӯконҳо аз як-ду ҳафта бештар намондааст. Ман ҳоло ҳамчун ходими нашриёт қасди он доштам, то талаботи мардумро ба китобҳое, ки интишор месозем, бифаҳмам ва бидонам. Сипас ман чӣ ҳолро дидам ва чӣ хулосае бардоштам?
Дар шаҳри Ленинобод, дар дӯкони китобфурӯшии маркази шаҳр то се номгӯи китоби баъзе адибон бехаридор мондааст. Баъзеи ин китобҳо 7-8 сол боз дар дӯкон, дар пеши назари мардум ранги зард овардаанд! Инчунин вазъият ҳам дар Кӯлоб ва ҳам дар шаҳру деҳоти дигар ба назар мерасид.
Гумон мекунед ҳамаи ин китобҳо аз назари мунаққидон афтодааст? Бешак бахше аз муаллифони ин китобҳо кайҳо аз назари доварон афтодаанд. Аммо муаллифони баъзе аз он китобҳоро бе муболиға нозпарварди танқиди адабии мо ҳисобидан ҳам равост. Ба баъзеи ин ки-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё