Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Агар мамлакати мо ҳам ба мисоли мамлакатҳои мутамаддин парламенти мустақимравиш ва мустақилақида медошт, имрӯз ҳар як фард аз фардои мамлакат хотирҷамъ буд. Асоси қонунгузории Штатҳои Муттаҳидаи Амрикоро 200 сол қабл аз ин навишта буданд, вале то ба имрӯз ҳар қадам президентҳо омада рафтанд, вале ҳеҷ яке онро хароб накард, зеро конгресс солим ва демократӣ буд.
Дар анҷумани КПСС кӯҳнапарастон, консерваторони мутлақиятхоҳ шикаст хӯрданд, аммо онҳо ба идорахонаҳои бошукӯҳи худ баргашта дар паноҳи сангини ҳукумат ва моликияти бечунучарои давлатӣ кори худро давом медиҳанд — ба ҳар як амали ислоҳот ва бозсозӣ чандин садди сангин пеш мегузоранд. Пас чи бояд кард, мардум?
Узви вобастаи Академияи улуми СССР Сергей Алексеев ва даҳҳо фозилони дигари давр навиштанд ва ҳамвора мегӯянд, ки чораи ягона — бартараф кардани системаи тоталитарии маъмурию таъзиқкорӣ аст, зеро ин система дар сари моликияти давлатии соҳибимтиёз побарҷо нишастааст.
Узви Шӯрои Президенти СССР Александр Яковлев ба қарибӣ иттилоъ дода иқрор кард, ки қариб аз се як бахши вакилони анҷумани фирқаи коммунистӣ нияти мамлакатро ба қафо — ба сӯи даврони барояшон созгори ҳукмфармоӣ баргардонданро доштанд ва бозсозию ислоҳотро тафтиш ва таҳлил карданӣ буданд. Коргузории бисёр рафиқони фирқавӣ ҳам ба он далолат мекунад, ки онон маънии ҳақиқии аз Қонуни асосии мо мансух гаштани моддаи шашумро ҳанӯз саҳеҳу возеҳ идрок накардаанд.
Дар ҷумҳурияти мо аз ин ҳама хараҷу мараҷ баъзе ҳаннотони кори давлатию фирқавӣ истифода мекунанд:
ашхоси сирф беҳунар ва беқобилият ба тавассути хешу таборӣ, маҳалгироӣ ва ришваю ҷӯрабозӣ ба сари мансаб меоянд. Гур сӯзаду деги қаландар ҷӯшад!
Мехоҳам бидонам, ки ягон рӯз мо ҷинояти ин тоифаро дар назди ҷамъият фошофош гуфта, ин касонро сияҳрӯ мекарда бошем ё не?
Бюрократия пеш аз ҳама давлатманд ва соҳибихтиёр гаштани мардумро намехоҳад. Аз ин сабаб солҳои дароз ба ақлу шуури мардуми хушбовари мо нақш заданд, ки кулли касолату разолати дунё аз дасти мардуми дорою сарватманд аст. Ҳанӯз ҳам маро аз ин догмаи аблаҳона халосӣ нест, ҳанӯз ҳам бехабарем, ки ба ҷамъият шахсони давлатманд заруранд.
Дар кишварҳои мутамаддин ва мутараққӣ сарват ва дахлу харҷи пинҳонӣ нест ва ё хеле кам аст ва ҳар як фард бахше аз дахлашро ба тариқи андоз ба хазина медиҳад, ки он маблағ барои беҳдошти зиндагӣ, пеш аз ҳама барои бенавоён ва дигар умури мамлакатдорӣ харҷ мешавад. Дар мамлакат шумораи ашхоси сарватманд ҳар қадам афзун бошад, мамлакат нерӯмандтар ва осудатар аст. Роналд Рейган дараҷаи баланди андозро барҳам заду мардуми сарватманди Амрико бештар фоида бурданд.
Президент Рейган хуб медонист, ки андози баланд ташаббус ва ҷаҳду талоши ғайратмандонро барбод медиҳад. Дар натиҷаи ин амали ӯ Амрико ба пешравии ҳайратоваре ноил гашта буд. Имрӯз дар ин кишвар шумораи милюнерон аз милюн гузаштааст. Сарвати фуқаро сарвати мамлакат аст.
Дар мо ҳанӯз ҳам бисёр касон ин ҳақиқати оддиро намефаҳманд ва ҳамаро яксар камбағал ва хонабардӯш дидан мехоҳанд.
Боз як масъалаи дигар муддатҳост, ки маро дар изтироб афкандааст. Чанде пеш аз ин ҷумҳурияти Белоруссия расман эълон кард, ки фарзандони халқи белорус хидмати ҳарбиро дар Қафкозу Осиёи Миёна адо нахоҳанд кард. Сонитар Шӯрои олии Украина ва Белоруссия роҷеъ ба истиқлоли худ иттило доданд.

пешина
аз 393
навбатӣ