Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар иттилои ҷумҳурияти Украина чунин суханон дарҷ буданд:
“...РСС Украина ҳуқуқ дорад қувваҳои мусаллаҳи худро дошта бошад... Фуқарои РСС Украина хидмати ҳақиқии харбиро чун қоида дар ҳудуди республика адо мекунанд...” Бешак, раҳбарони Вазорати мудофиаи СССР ба ин талабҳо ба осонӣ розӣ нахоҳанд шуд. Зеро Конститусияи СССР ва қонуни хидмати ҳатмии харбиро асос хоҳанд гирифт. Аммо қарордоди шӯрои вакилони 52 милюн аҳолии Украинаро беэътибор кардан ҳам кори саҳл нест.
Дар солҳои охир фоҷиаи аз хидмати ҳарбӣ тобути ҷавононро овардан дар Тоҷикистон мардумро пайваста ба шӯр меовард. Аз ин ваҷҳ гӯшҳоро ба карӣ задан ба ҷуз хиёнати аблаҳона кори дигар набуданашро аксаран медонем. Чаро хидмати ҳарбӣ, ки бист сол пеш мактаби тарбия ва ҳунар буд, имрӯз мардумро ин қадар ба шӯр меоварад? Баъзеҳо фарзандашон агар дар маҳбас бошад, хотирҷамътаранд, аз он ки дар хидмати ҳарбӣ бошад.
Дар тӯли нимсоли ҷорӣ беш аз ҳафтод нафар ҷавонон дар хизмати ҳарбӣ ҳалок шудаанд.
Чаро аз ин ваҷҳ раҳбарони ҷумҳурияти мо, вакилони Шӯрои олии мо ҳеҷ фикр намекунанд?
Ҳайъати Комитети бехатарии СССР агар Хитойро истисно кунем, баробари ҳайати бехатарии тамоми мамолики олам буданашро шунида, имрӯзҳо ҳуш аз сари ҳама парид. Ҳар як фарди ватанпарвар барҳақ савол мекунад: Ин чӣ гап?! Ана, барои чи мо гушна, ана барои чи мо бе хона, бе дорувор, бе духтури нағз, бе мактаби соз, бе садҳо ину он будаем!
Вақти он расидааст, ки ҳам ҳайъати бехатарӣ, ҳам ҳарбиён, баробари ҳайъати суду прокуратура бо сиёсат сару кордор набошанд. Дар ҳар як кишвари мутамаддин ин тоифа аз сиёсат дар каноранд ва тарафдори ягон фирқа нестанд, балки ба фармони ҳар як ҳукумате, ки халқ онро интихоб кардааст, итоат мекунанд. Агар офисер ба узвияти ягон фирқа тааллуқманд гардад ва бо сиёсат машғул будан хоҳад, фавран аз хидмати ҳарбӣ истеъфо медиҳад. Дар хориҷа дар маҷлисҳои парламун ҳарбиёнро намебинед!
Ин ҳам шуниданист, ки дар бисёр кишварҳои мутараққӣ мӯҳлати хизмати ҳатмии ҳарбӣ як сол ва аз ин ҳам камтар аст.
Инак, боз донистан мехоҳам, кай дар мамлакати мо ин ташкилотҳо ба сиёсат ва идеология бетараф хоҳанд гашт? Охир, ин яке аз асоситарин шартҳои тарзи давлатдории мутамаддин аст!
Боз мехоҳам бидонам, ки Тоҷикистони мо ба мисли Русия дар ҳудуди худ роҷеъ ба коргузории дохилӣ кай соҳибихтиёр хоҳад гашт?
Мехоҳам бидонам, ки кай мо ҳуқуқҳои байналмилалии инсониро қабул хоҳем кард?
Кай мо бо хориҷа монанди дигар кишварҳои мутамаддин равуои озодро муяссар мешавем?
Мехоҳам бидонам, ки то ба кай фирқавиён ҳам вазифаҳои ҳизбӣ ва ҳам давлатиро ба зимма мегиранд?..
Ба ақидаи ман, мамлакати мо бо ин ҳама ишкелҳое, ки дар банди дасту по ва гардани мост, ҳаргиз дар сафи кишварҳои мутамаддини олам ҷо намегирад.
Ман мехоҳам, ки аз қайди ин ишкелҳо ворастани диёри азизи худро бубинам ва аз талоши беғаразонаи фарзандони асили он дар ин арса сухане барои таърих бигӯям ва омоли хиёнатгарони онро дар саҳифаҳои дафтари фардо боре рақам кунам.

1990

пешина
аз 393
навбатӣ