Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Ба ғайр аз ин, имрӯз ба ҷамъияти мо хавфи дигаре низ таҳдид дорад: мардуме, ки аз ислоҳоти болоиён ноумед гаштаанд, метавонанд ки ҳоло ташаббусро ба даст бигиранд, чунон ки дар Руминия чунин ошӯб ба амал омад. Инчунин хатар имрӯз аз мо дур нест ва камтарин сабабе чун шарора ҷамъияти ошуфтаву аламнокро метавонад, ки якбора ба по бардорад. Қонуни вазъияти инқилобӣ чунин аст.
Вале ҳанӯз ҳам касе аз миён бархеста ба мо намегӯяд, ки ҳой бародарон, ҳушатонро ба сар бозоваред, шумо ҷузъе аз кулл ҳастед, шумо бахше аз миллатед, халқед, дар баробари ҷузъ метавон кулл ҳам нобуд гардад. Ба ҳама атроф ғазабнок ва кинахоҳ нанигаред, дар ҷои ҳарифон боре худро бигузоред ва сипас биандешед! Ва роҳи ҳамкориву ҳамҷиҳатиро мебинед!
Муддаиёни гуногун имрӯз моро аз хавфи гушнагиву қаҳтӣ, ҷангу ҷидоли байнихудӣ метарсонанд. Ин касон ҳаргиз огаҳӣ надоранд, ки ин ҳама коршиканиҳо, истиқлолталабиву ихтилофоти гуногуни милливу мазҳабӣ, демокративу иртиҷоъӣ, сосиалистиву капиталистӣ — ҳама аз рӯи қоидаи бозсозӣ ва русуми инқилобӣ аст. Дар мамлакатҳои мутамаддини олам, ки аз ваҷҳи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ хеле собитанд, намоишкориву коршиканиҳо, бомбатаркониҳои мафиё ва дастаҳои алоҳида воқеаи мудом нест? Вале ҳеҷ кас аз он воқеаҳо натиҷа намегиранд, ки фардо офате ба он диёр мерасад.
Дар мавқеи бӯҳрони шадиди ҷамъият ва барҳам хӯрдани режими тоталитарӣ дар мамлакат вазъияти дигареро чашм доштан хатост. Чаро? Аслан, давлати мо асоси иқтисодиёту иҷтимоиёти он, тақсими ҳудуд ва хеле аз васоили алоқамандии миллатҳои мо бунёди хароб ва носолиме дошт. Имрӯз он ҳама кохи дурӯғиншукӯҳи бебунёд рӯ ба харобӣ овардааст. Ин ҳол аз тасодуф не, балки ҷараёни қонунии ҷамъияти мост. Хоҳу нохоҳ, баъди даҳ ё понздаҳ сол мо ин моҷароро ногузир бояд ки аз сар мегузарондем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор