Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Инак, имрӯз дар сари масъалаи асосии бозсозӣ, ки иқтисодиёти тиҷоратӣ аст, мувофиқону мухолифони он ҷиддан рӯ ба рӯ гаштаанд. Аслан, ин ихтилофи ду навъ ақида, ду навъи ҷаҳоншиносӣ, муқовимати кӯҳна бар нав, демократия ва иртиҷоъ аст.
Иқтисодиёти тиҷоратӣ дар ҳамаи дунё собит кард, ки ба иртиҷоъхоҳон имкони муфт даврон карданро намедиҳад. Дар шароити иқтисодиёти тиҷоратӣ хурду бузург — ҳам коргар, саринҷинеру директори корхона аз рӯи фоидае, ки аз фаъолияти шахсии онон ба даст меояд, музд мегиранд. Дар чунин вазъият аз дарвозаи комбинати гӯшт як кило гӯштро муфт баровардан ё аз анбори либос кулоҳи дар бозор шашсадсӯмиро ба панҷоҳ сӯм бурдан ғайриимкон хоҳад гашт.
Иртиҷохоҳони ҷамъият — бюрократия, номенклотура, ходимони савдо, баъзе аз ходимони идораҳои дигар ва тартибот, савдогарони хуфияфурӯш, коҳилон, беҳунарон, майзадаҳо дар шароити нав фароғати худро аз даст медиҳанд. Аз иқтисодиёти тиҷоратӣ махсусан, номенклатураи мо сахт метарсанд, зеро ин усул оқибатуламр ба муқбили худи онон хоҳад анҷомид. Аз ин сабаб дар солҳои бозсозӣ тартиби ҳукуматсозии мо ҳеҷ тағйир напазируфт — на идораҳои қонунгузорӣ ва на иҷроия ва тартиботи фирқавӣ. Фаъолияти камсамараи ин идораҳоро сабаби асосӣ раҳбарии нодуруст аст.
Азбаски бюрократия усули иқтисодиёти пешинро тағйир додан намехоҳад, аз бебарории бозсозӣ эълом медиҳад.
Манбаъи кулли бебарориҳои мо демократияи сохта, поймоли ҳуқуқҳои башарӣ ва барҳам хӯрдани капитали хусусӣ аст. Агар мо ин ҳамаро дар мамлакат барқарор насозем, моро аз гирдоби бадбахтӣ ҳеҷ як ҳукумате наҷот дода наметавонад. Тамоми ҷаҳони мутамаддин имрӯз аз сари ғамгусорӣ ба таҳлил ва таҳқиқи омоли мо машғул аст. Ва ҷаҳон баъди инқилоби октябр ҳаргиз ба мо инқадар некхоҳу ғамхор набуд ва аҳли олам аз шикасти бозсозии мо аз худи мо бештар дар ҳарос аст.
Мо дар тӯли 70 сол барои олами мутамаддин бори гарон ва ноҳинҷор, ҳамсояи оташбози хатарноке будем.

пешина
аз 393
навбатӣ