Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

тобҳои имрӯз ба касе нодаркор замоне тақризҳои дабдабанок хонда будем, дар мақолаҳои мунаққидон мавқеи тавсиф ёфта буданд. Чаро ин касон китобҳои “дилписанди” худро солҳои сол дар рафи дӯконҳои китобфурӯшӣ дида, хиҷолатзада нестанд, шармсорӣ намекашанд?!
Чаро адибоне, ки чандин номгӯй китобҳояшон имрӯз касод аст, дар пеши назарҳо офтоб хӯрда, рангзардӣ мекашад, бо ҳар баҳонае худро тасаллӣ медиҳанду андешаи камтар нашр карданро ҳаргиз ба хотир намеоваранд.
Ба ин ҳама дӯлобӣ ва касодии бозори китоб бемасъулиятии мунаққидон ҳам сабаб аст! Дар корхона ОТК ном шӯъбае ҳаст, ки ривоҷи молу ашёи сақатро пешгирӣ мекунад. Магар кори танқиди адабӣ аз як ҷиҳат ба амали он шӯъба монанд нест?
Мунаққидони мӯҳтарам, шумо дар ҷавоби ин савол ҳар чӣ хоҳед гӯед, вале ҳукми инсоф аст, ки имрӯз хонанда ба ҳукми шумо бепарво аст ва ё мақолаҳои шуморо умуман намехонад, зеро шумо ба хотири ёру ҷӯра, дар паи тамаллуқ борҳо китобхононро фирефтаед.
Оре, мо имрӯз хонандаи хушзавқу ҷиддӣ ва серталаб дорем. Вай осори Шукшин, Айтматов, Распутин, Амирадҷибӣ, Быков, Маркэс, Хейли ва ин тоифаро мутолаа дорад. Диққати инчунин хонандаро соате аз мутолиаи ин бузургон боздошта ба асари худ кашидан заҳмат ва истеъдод металабаду бас.
Ҳоло биёед ба шеъри тоҷик назар афканем: назми пуч ва бетаъсире, ки солҳои панҷоҳум дар баробари ашъори соддаю дилчаспи Мирзо Турсунзода гоҳе садои хиррӣ мебаровард, имрӯз ҳам аз арсаи вуҷуд нарафтааст, балки бештар ба назар мерасад. Фарқ танҳо дар он аст, ки муаллифони баъзеи ин асарҳо (агар асар гуфтан ҷоиз бошад) аз баҳри қолибҳои классикӣ гузашта ба назми худ гӯё либоси замонавӣ додаанд, яъне, мисраъҳоро шикаста ба ном “шеъри сафед” сохтаанд. Дар асл, ин ҳамон назми пучу бетаъсир асту бас. Ман даҳ сол қабл аз ин дар як шеъри худ роҷеъ ба ингуна назми берӯҳ фикри худро гуфта будам:

пешина
аз 393
навбатӣ