Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Ба ғайр аз ин, ҳазор сол аз ин муқаддам заминдори давлатманд Фирдавсии тӯсӣ ҳам бо таъиноти амирони Сомонӣ ба навиштани “Шоҳнома” шурӯъ карда буд ва вақте ки Султон Маҳмуд дар ивази он шоҳкор пули кам дод, шоир сахт биранҷид. Магар Фирдавсӣ ҳам, ба қавли Зиё Абдуллои мо, тамаъкор буд? Дар воқеъ, нозими мо мақола навишта наметавонад, зеро барои мақолаи асоснок навиштан ҳам даставвал истеъдод ва афкори равшану мантиқи устувор лозим аст. Аслан, зиёӣ будани инсон ҳам дар хуни ӯ, дар фитрату сиришти ӯ махлут аст, аммо ин ҳақиқатро чигуна ба баъзе одамакон мефаҳмонед! Аз тухми гандумаки ёбонҳо ба парваришҳо ҳам гандуми сафедмағз намерӯяд, ки намерӯяд. Идеологияи коммунистӣ дар тӯли солҳои зиёд моро талқин мекард, ки ба тавассути парвариш аз ҳар як фарде инсони зиёӣ ва шарифу наҷиб сохтан метавон. Ғолибан, Зиё Абдулло ба ин дурӯғ сахт эътимод кардааст. Аммо ҳақиқат аз қавли Шайх ин аст: “Тарбият ноаҳлро чун гирдакон бар гунбаз аст”.
Ғолибан, муроди ӯ дигар аст: ба ҷаноби Президент рӯ овардани ман ба ӯ намефорад ва кӯр-курона ба гиребони ин банда даст мезанаду ҳеҷ огаҳӣ надорад, ки дар боби баҳсу муноқиша ба балои замона вохӯрдааст. Қабл аз ин дар як мақолаам изҳор доштам ва он гуфтаро ба ночор боз мегӯям: Ин банда ба ҳеҷ яке аз ин гурӯҳбандиҳо ва фирқаву ҷамъиятҳои дирӯзаву имрӯза алоқамандие надорам ва минбаъд ҳам иртиботе доштан намехоҳам. Мардуми Тоҷикистон ҳар касеро бо раъйдиҳии хаққу ҳалол ба президентӣ интихоб кунад, ӯро эътироф мекунам ва эҳтиромашро ба ҷо меоварам. Аз ин ҷиҳат ба ман дарафтодани маҳалгароёни гуногунравиш як амали куллан бенатиҷа аст.
...Алқисса, баъди хитобаҳои зиёд аз хусуси зиёӣ будани худ Зиё Абдулло дар охир гуфтаҳои академик Сахаровро иқтибос мекунаду чунин меоварад: “Ин сухан барои дарёби ҳақиқат(?) дар дили халқ чӣ қадарҳо умед мепарварад” — гӯён ба гумонаш хулосаи ҳикматомезе мебарорад шоири мо.
Бешак дар миёни адибон ҳар навъ одамон ҳастанд:
мансабталошон, беҳунарони сафсаттафурӯш, риёкорони файласуфтақлид, маҳалгароёни сафросӯхта, девонамашрабон, дасисабозони сиёсатшиор... Аммо пеш аз он ки ба гиребони дигарон даровезед, бародаронам, боре гиребони худро бӯ кунед. Киву чи будани ҳар адиб, қимати осори онро халқ сарфи назар аз сафсаттафурӯшиҳо хеле равшан медонад. Ҳазор бор мушт ба сина кӯфта “ман зиёиам” гӯяду дар ному фомилиаш даҳто калимаи “Зиё” дошта бошад ҳам, афроди беинсофу риёкор зиёӣ буда наметавонад. Қабл аз ҳама ростию дурустӣ, инсоф ва виҷдони пок инсонро зиёе мебахшад.
Зиё Абдулло дар мақолааш ҳамчунон овардааст, ки дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳалгароӣ ривоҷ дорад. Сабаби якбора ба ин мавзӯъ гузаштани ӯ низ ба мо торик аст. Аз хусуси маҳалгароиҳо аз минбари анҷумани гузаштаи адибон гуфтем ва гуфтанд. Дар воқеъ, агар маҳалгароӣ набудӣ, ба ин минвол хомарониҳои бемантиқ ва афкори бебунёд магар Зиё Абдулло узви Иттифоқи нависандагон мегашт?!
Аслан, ман мехостам, агар аз дари баҳс дароям, бо ҳарифи шоистае, ки ҳадди мантиқро мешиносаду ба сар афкори равшане дошта, шахсияте бошад мубарро аз ғаразҳои беҳудаву ночиз, дар мубоҳиса бипечам, аммо чи кунам, ки ба ин афрод ба ҷуз талаби риояи мантиқ ва асоси даъвӣ дигар сухане афзудан маънӣ надорад.
1992

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор