Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ГИРЕБОНИ ХУДРО БӮ КУНЕД!
Роҷеъ ба мавзӯъи номаи саркушодаи ин банда ба номи ҷаноби Президент Раҳмон Набиев (“Адабиёт ва санъат”, 12.12.91) дар саҳифаҳои матбуот баъзе афрод изҳори ақида карданд. Аввало, ногуфта намонад, дӯстони беғаш, софдил ва поктинат холисона афкору ақидаи худро дар ин мавзӯъ сари вақт ба тарзи шифоҳӣ ба ин банда изҳор доштанд, ки аз онон зиёда миннатпазирам.
Ин ҳам хушбахтии ман аст, ки дӯстону ҳамфикронам ҳама мардуми хирадманду баҳуш, соҳибдилу фаросатманданд ва бадхоҳонам одамакони бахилу нотавон, беҳунару бефарҳанг.
Инчунин афроде, ки ғаше дар сина доштанд, баъди мутолааи номаи ман аламноку асабонӣ қалам ба каф гирифтанашон ва яке аз боғ, дигаре аз роғ, бемантиқ ва бедалели саҳеҳ кӯрсаводона фазлтарошӣ карданашон ба аксарият маълум гашт. Чи кунам, ки навиштаҳои баъзе аз онон ба ҷавобе гуфтан намеарзад. Онҳо ба нашри навиштаҳои кӯрсаводонаи худ аз он сабаб ноил гаштаанд, ки худ дар он рӯзнома кор мекунанд. Дар акси ҳол, ягон рӯзномаи ҷиддӣ навиштаҳои тумтароқи ононро ба ин сурат интишор намекард.
Ҳоло ба ин афроди хонашер гуфтан мехоҳам, ки номаи саркушодаи ман фақат ба ҷаноби Президент дахл дорад. Агар онро мавриди баҳс қарор медиҳед, боист, ки фақат дар саҳифаҳои “Адабиёт ва санъат”, ки онро интишор кардааст, ақидаи худро баён менамудед, на дар “хилваткадаи хеш”.
Сониян, ба Зиё Абдулло гуфтан мехостам, ки агар он мақолаашро ба идораи “Адабиёт ва санъат” месупурд, онро як андоза қалами тасҳеҳ зада, ба ифоқа меоварданд. Дар як мақолаи хурди рӯзнома дар шаш ё ҳафт банд “пеши раҳбари аввали давлат изҳори тамаъ” будани ину он дархостро қайд кардан дар назари мардуми суханшинос қубҳи азим аст.
Матлаби асосии Зиё Абдулло аз мақола чунин аст:
ман зиёиям, бо тамаъ ба ҳеҷ кас рӯи ниёз намеорам, шумо зиёӣ нестед, чунки аз Президент маош талаб доред. Вассалом.
Барои адибон дар Иттифоқи нависандагони
Тоҷикистон якчанд сол аст, ки ду-се маоше ҳаст, ки адибони ба кори эҷодӣ машғул ба навбат аз он баҳраваранд.
Зиё Абдулло як-ду сол маҳз бо чунин маош зиндагӣ карданашро наход ки дар тӯли як соли охир ин қадар зуд фаромӯш карда бошад?! Ё фаромӯшхотирӣ ҳам аз сифатҳои зиёиёнаи ӯст? Дар урф дуруст мегӯянд, ки дурӯғгӯӣ хотира надорад. Ӯ худ, ки бо чунин маош деги маишаташро ҷӯшонд, чаро имрӯз барои дигарон аз ҳукумати ҷумҳурият чунин маошро дархост кунем, инқадар сӯфитарошӣ мекарда бошад?! Чунон ки шоири ҳақиқие фармудааст:
Ту оҳу нестӣ, ҷонам, гурозӣ...
Ту шоир нестӣ, таснифсозӣ.
Вагарна ба чашми ҳақиқат хок пошида ин қадар алломатарошӣ намекард ӯ.
Ҳайратам аз он ки ин риёкориро ӯ чи гуна ба худ муносиб донист!
Агар Зиё Абдулло баринҳо қобили идроки ин маънӣ нестанд, барои ҳаводорони адабиёт ва фарҳанги тоҷикон тавзеҳ кардан мехоҳам, ки адибони мо метавон гуфт, ки агар ба пули имрӯз баҳо кунем, қариб ки ба ройгон асар менависанд ва интишор мекунанд. Чаро дар баҳои ранҷу заҳмати шабонарӯзиаш адиб аз ҳукумати ҷумҳурият маош нагирад? Охир бисёр адибон мисли Зиё Абдулло дар идораи рӯзнома кор кардан намехоҳанду умри азизро сарфи кори эҷод намуданро афзал меҳисобанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор