Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ТАЪСИРБАРДОРӢ

(Тирамоҳи соли 1986 муҳаққиқи маъруф устод
Муҳамадҷон Шукуров аз як гурӯҳ адибони тоҷик ба чанд
савол ҷавоб навиштанро хоҳиш карданд)

Таъсири мутақобила дар адабиёт ҳодисаи нав нест ва адабиёти пешини форсу тоҷик ҳамвора аз осори адабии мардумони дигар — арабҳо, ҳиндуҳо, туркҳо, юнониҳо таъсир мегирифт ва ба онҳо таъсир бахшидааст.
Одатан, баъди ҳар як дигаргунии ҷиддӣ дар ҷамъият рӯзгори мардумон рӯи ҷодаи нав, пайрави идеал ва ҷараёни дигаре оғоз мегирад. Дар ин марҳала осори адабӣ ҳам каму беш тағйири ҳадаф мекунад ва адабиёт аксаран ба тақозои рӯз эҷод мешавад ва бештар шиору хитобагузор аст. Бинобар он, тадқиқи амиқи табиати инсон асосан бо равшан кардани симои иҷтимоии он маҳдуд мегардад. Дар ин сурат алоқамандии фалсафию психологии наслҳо сусттар ифода меёбад. Аз ин ҷо хавфи тасвири илюстративӣ пеш меояд.
Он чӣ барои солҳои бистуму сиюми адабиёти мо хос буд, ба назари ман аст, ки осори адабӣ рӯҳи романтикии даврро ифода мекард, дилу фикри одамонро туғён мебахшид. Ҳоло адибони мо аз он реализме, ки бештар хусусиятҳои романтизмро доро буд ва қаҳрамонони рӯҳпарвару нерӯманд, бенуқсон ва хастагинописанд дошт, дар солҳои ҳафтодум ба реализми қатъиян ҳаётӣ, воқеӣ ва амиқ наздик мешавад. Адабиёти тоҷик баробари адабиёти халқҳои бародар ҳоло аз талқини дидактикӣ ба тасвири таҳлилӣ мегузарад. Ин усул имкон медиҳад, ки адибон инсонро амиқтар, возеҳтар тасвир кашанд, нуқсу камоли вай, ихтилофи ботину мураккабии хислати ӯро чунон ки ҳаст, табиӣ акс намоянд.
Дар солҳои бистуму сиюм, баъди интишори асарҳои М.Шолохов, А.Серофимович, Ю.Лебединский, Вс.Ива-

пешина
аз 393
навбатӣ