Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

нов, Б.Лавренов, Л.Леонов, К.Федин, Ф.Гладков ва дигарон як қатор адибони республикаҳои бародар дар пайравии онҳо повесту романҳо навиштанд. Вале имрӯз доираи таъсирбардорӣ ва омӯзишу ангезагирии адибон ончунон доман густурда, хусусияти эҷодкорӣ гирифтааст, ки агар навмашқонро истисно кунем, қариб ҳеҷ яке аз адибони баркамол ва соҳибистеъдод он пайравии тақлидии адибони солҳои сиюмро касб накардаанд. Осори охирини Айтматов, Бондарев, Распутин, Быков, Думбадзе, Астафьев агарчи осори баланди адабии даврони моанд ва мӯҷиби валвалаю таҳсин гардидаанд, ҳеҷ як тан аз адибон бевосита ба пайравӣ ва тақлиди онон асаре нанавишт.
Агар дар ин миён асари пайравӣ ва омӯзишу ангезише ба назар расад, он ҳам на дар боби мавзӯъ ва образҳо, балки андар усул ва тарзи нигоришу тасвир аст. Ҷавонони соҳибҳунар агар мавзӯи устодони муқаддамтари худро даст зананд, ба он аз паҳлӯи дигаре, аз тарафи норавшан мондаи он менигаранд ва ҷаҳдашон бар он аст, ки онро ба тарзи тозатар аз пеш таҳлил ва тасвир кунанд. Инчунин ҳол агарчӣ дар адабиёти тоҷик ҳанӯз камтар ба назар мерасад (баъзе ҷавонон тақлид ва пайравии бебарор доранд, вале он асарҳо ба гуфтугӯ намеарзанд), дар адабиёти рус ва дигар халқҳои бародар дучор меоянд.
Масалан, баъди чандин соли интишори қиссаи Айтматов “Рӯ ба рӯ” Распутин дар ҳамин мавзӯъи гуреза романи “То зин-даӣ, фаромӯш накун”-ро навишт ва ин образро хеле амиқ ва ба тарзи нав, бо рӯҳи тоза ва гирумони имрӯзӣ тасвир кард. Айтматов баъди мутолааи романи Распутин ҷавонмардона иқрор кард, ки агар қиссаи “Рӯ ба рӯ”-ро имрӯз менавишт, маҳз монанди Распутин ва ё ба ҳамин минвол эҷод мекард.
Дар назари ман, хусусиятҳои тозаи равобити эҷодӣ ва тағйирот дар ин ҷода имрӯз ба ҳамин минвол сурат мегирад.

пешина
аз 393
навбатӣ