Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Фикри ман ин аст, ки характери равшан, образи дилнишину ибратомӯз худ адабиёт аст. Воқеа бояд, ки барои муҷассам гардидани характер кӯмак кунад, ҳикоя ва қиссаро хонову шавқовар созад. Шавқоварӣ аз сифатҳои умдаи насри бадеъ аст ва бе он олитарин андеша ва ғояи мо монанди фарёдест дар шамол — ба гӯши хонанда намерасад. Ман дар қиссаву ҳикояҳои худ ҳаргиз аз пеши худ сюжет набофтаам ва онро бо ҳунари нависандагӣ тунду тез накардаам. Бояд, ки ҳикояти нависанда, агар ӯ истеъдоде дорад, ҳамеша шавқовар, пурмаънӣ ва муфид бошад. Мегӯянд, ки истеъдоди нависандагӣ дар сиришти инсон ё мешавад ё намешавад. Иттифоқи нависандагон ва дигар идораҳо ҷоизаю унвонҳо ато мекунанд, аммо ба адиби беҳунар истеъдод бахшидан наметавонанд.
Солҳои охир хеле аз осори адибони Шарқи хориҷӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шуд, баъзе аз осори адибони форсизабон бо ҳуруфи имрӯз дар Тоҷикистон интишор ёфтаанд. Вале ин ҳанӯз кам аст ва аз ин рӯ ин нашрҳо вазъи адабиёти ин кишварҳоро равшан тасаввур наметавон кард. Хоса насри адибони форсизабон дар Тоҷикистон хеле кам ба табъ мерасанд. Мо ба ночор баъзе аз осори ҳамзабонони худро ба забони русӣ мутолаа мекунем. Насри форсии имрӯз аз ҷумлаи адабиёти тозанусха ва навусули айёми мост ва ошноӣ бо он барои адибону хонандагони мо манфиати бекарона меоварад.
Соле аз ин муқаддам буд ё андаке пештар ман романи “Санги сабур”-и адиби ҳамзабони эронӣ Содиқи Чӯбакро тавассути тарҷумаи русии он мутолаа кардам, вале ҳанӯз ҳам зери таъсири андешаҳои ин адиби равшанфикр мондаам. Ҳайфо, ки нусхаи форсии ин китоби наҷиб ба ман дастрас нашуд. Чӯбак аз адабиёти навтарини олам, ҳатто аз навтарин эҷоди ҳамқаламони бегоназабони худ огаҳӣ дорад. Яке аз қаҳрамонони романи ӯ аз эҷоди Распутин ёдовар мешавад. Валентин Распутин дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё