Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

гуногуни адабӣ, мудохилаи ҷиддӣ ба зиндагӣ фикри адибони тоҷикро ковиш дод, агарчи бисёре аз ин асарҳо баъди тарҷума ба тоҷикӣ ба китобдӯстони тоҷик камтаъсир буданд, зеро аз ҳаёти мардумони аз мо дур ва сирф ноошно ҳикоят доштанд ва баъзан услуби нигориш ҳам ношинос ва бегона ба назар мерасид. Ин аст, ки ҳанӯз ҳам китобҳои тарҷума камхаридоранд.
Имрӯз дар адабиёти тоҷик сабку услубҳои гуногун зуҳур доранд. Агар насри бадеиро ба диққат мутолаа кунед, аз усули оддию примитиви насри навболупар сар карда то услуби анъанавии қиссапардозӣ ва ниҳоят то ба насри образноки имрӯзиро дучор мекунед. Китобхоне, ки аз адабиёти имрӯзӣ фақат бо мутолиаи шеър қаноатманд аст, агар гӯям, ки ӯ содалавҳона аз хеле ғизои рӯҳию маънавӣ худро марҳум кардааст, маломати беҳуда нест, зеро ӯ дар назарҳо он марди деҳотиро мемонад, ки чойники электрикӣ мехарад, ба он об андохта рӯи алави пурдуд меҷӯшонад. Дарвоқеъ, ман шахсонеро дучор кардаам, ки шеъри зиёд ҳифз кардаанд, аммо бениҳоят нодонанд ва доираи фикру бинишашон хеле танг аст.
Навиштаҳои ман гарчи аз воқеа ва сюжети устувор холӣ нестанд, маро ҳаргиз воқеа ва сюжет ба навиштан илқо намекунад. Бинобар он ҳам вақте, ки мегӯянд “сюжети соз ёфтам” ё “воқеаи қиссабоб”, ба ман ин суханон ҳеҷ таъсире надоранд. Ман даҳҳо сюжети тайёр ва воқеаҳои шавқоварро метавонам ба хостгорон ҳадя кунам.
Маро образ, образи фасеҳи дар фикрам пухтарасида, дар пеши назарам муҷассам ба навиштан илқо мекунад. Бигирем, ҳикояи “Бобо”-ро. Агар аз паи воқеаи шадид ва сюжети риққатангез меафтодам, аз ҳаёти деҳа ва пирони айёми ҷанг чи қадар воқеаҳо ногуфтаанд! Вале маро образи бобои кӯфтаю хастаи солҳои пуразоби ҷанг ва умеди бардавоми вай машғул медошт, ӯро дар ҳикоя бе ҳеҷ обу ранги диққатрабо тасвир намудаам.

пешина
аз 393
навбатӣ